Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Украина барандаи ҷоизаи ба номи Борис Немтсов шуд


Борис Немтсов, яке аз мухолифони ишғоли Қрими Украина аз тарафи Русия, соли 2015 дар Маскав кушта шуд
Борис Немтсов, яке аз мухолифони ишғоли Қрими Украина аз тарафи Русия, соли 2015 дар Маскав кушта шуд

Президенти Украина, Владимир Зеленский, барандаи ҷоизаи ба номи Борис Немтсов дар соли 2022 шуд. Дар ин бора масъулони Бунёди Борис Немтсов рӯзи 12-уми июн хабар доданд.

Дар эъломия гуфта шудааст, имсол Бунёд тасмим гирифт, танҳо намояндагони Украинаро ба ҷоиза пешбарӣ кунад. Дар байни онҳо шаҳрдори Киев Виталий Кличко ва мушовири дастгоҳи иҷроияи президенти Украина Алексей Арестович буданд. Тибқи ройдиҳӣ раисиҷумҳури Украина баранда шудааст.

"Бунёди Немтсов таҷовузи низомии Русияро ба Украина маҳкум мекунад. Худи Борис Немтсов ҳамвора мухолифи ҷанг бо Украина буд. Ӯ соли 2014 дар Маскав алайҳи ин ҷанг гирдиҳамоиҳои зиёде барпо кард. Ӯ мефаҳмид, ки Путин ҷанг бо Украинаро оғоз карданист, зеро намехост, ин кишвар бахше аз Аврупо шавад. Ман ба Украина пирӯзии зудрас орзу мекунам ва инро мавқеи ватандӯстона мепиндорам, зеро пирӯзии Украина шикасти режими худкомаи Путин аст ва ин ғалабаи арзишҳои инсондӯстӣ аст," -- гуфт Жанна Немтсова, ҳаммуассиси Бунёди Борис Немтсов.

Дар солҳои гузашта танҳо шаҳрвандони Русия – сиёсатмадорон Алексей Навалний ва Лев Шлосберг, фаъолони шаҳрвандӣ Константин Котов, Анастасия Шевченко, Илдар Дадин ва Надежда Митюшкина барандагони ҷоизаи ба номи Немтсов шуда буданд.

Борис Немтсов, раҳбари мухолифини Русия, ки ишғоли Қрими Украина ва таҷовуз алайҳи ин кишварро маҳкум карда буд, моҳи феврали соли 2015 дар Маскав кушта шуд.

XS
SM
MD
LG