Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден мегӯяд, Зеленский ба ҳушдори онҳо "гӯш надод"


Ҷо Байден ва Владимир Зеленский, акс аз соли 2021
Ҷо Байден ва Владимир Зеленский, акс аз соли 2021

Раисиҷумҳури Амрико, Ҷо Байден, мегӯяд, ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский моҳҳо пеш ҳушдори Иёлоти Муттаҳидаро дар бораи ҳамлаи Русия ба Киев "шунидан нахост".

“Медонам, бисёриҳо фикр мекарданд, ки ман муболиға мекунам,” -- гуфт Байден рӯзи 10-уми июн дар Лос-Анҷелес.

Ӯ афзуд: “Ин гуна ҳодиса аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ рӯй надодааст. Мо маълумот доштем, ки ӯ (президенти Русия Владимир Путин) аз сарҳад ворид шудан мехоҳад. Ҳеч шубҳа набуд. Зеленский инро шунидан намехост.”

Иёлоти Муттаҳида хеле пеш аз ҳамлаи беасоси Русия ба Украина дар бораи эҳтимоли ҷанг ва ҳаракати низомиёну техникаҳои ҳарбии Маскав ҳушдор дода буд.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг, ки тақрибан чаҳор моҳ боз идома дорад, аз ду ҷониб ҳазорҳо кас куштаву захмӣ ва миллионҳо нафар овораву беҷо ва гуреза шудаанд.

Маскав пайваста ба “амалиёти низомӣ” будани ҳамлааш таъкид дорад ва ҳадафашро “ғайринизомӣ кардани Украина” меномад. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз ба хоки Украина медонанд ва ба зидди Русия таҳримҳои зиёде ҷорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG