Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Пекин аз паҳншавии зиёди COVID-19 ҳушдор додаанд


Чин
Чин

Мақомот дар Пекин рӯзи 11-уми июн ҳушдор додаанд, ки пойтахти Чин бо паҳншавии зиёди COVID-19 рӯбарӯ аст.

Мансабдорон дар чанд минтақа маҳдудиятҳои вобаста ба бемории ҳамагирро сахттар кардаанд.

Ба иттилои расмӣ, рӯзи 10-уми июн дар Пекин 61 ва 11-уми июн беш аз 40 мавриди нави гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт шуд.

Ду ҳафта пеш дар маркази Чин маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19-ро сабук карда буданд.

Шумораи беморону қурбониёни коронавируси нав дар Чин дар муқоиса ба кишварҳои дигар поинтар будааст.

Дар ин кишвари дорои 1,4 миллиард аҳолӣ зиёда аз 224 ҳазор кас бемор шуда, беш аз 5 ҳазору 200 кас ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG