Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз тими Ҷопон дар Ҷоми Осиё


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар бозии севумаш низ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “D” дар шаҳри Тошканд аз тими Ҷопон (U-23) бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ шоми панҷшанбеи 9-уми июн дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и пойтахти Узбекистон баргузор шуд. Куриу Матсуки дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 11-ум, ҳисобро кушод. Тӯби задаи ӯ аз ҷаримагоҳ ба голи хеле зебо тадил ёфт.

Дар дақиқаи охирини нимаи аввали дидор ҷопониҳо боз як имкони хуби голзаниро аз даст доданд. Тӯби аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ задаи Матсуки ба қисми поёнии сутуни дарвоза бархӯрд.

Дар ибтидои нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 57-ум, ҳуҷуми ҷопониҳо бо гол анҷомид. Тӯбро аз ҷаримагоҳ Кеин Сато ба ҳадаф расонд. Голи севум ва охирини мунтахаби Ҷопонро Таика Накашима дар замони изофакардаи сардовар (90+4) зад.

Бояд гуфт, дар дақиқаи 65-уми дидор бозигари мунтахаби Ҷопон Шунсуке Мито, ки корти сурх гирифт, аз майдон хориҷ шуд. Бинобар ин, шумораи бозигарони мунтахаби Ҷопон дар майдон то анҷоми бозӣ як нафар кам буд.

Бозии дигари даври севум дар гурӯҳи «D» миёни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҳамзамон 9-уми июн дар варзишгоҳи “Локомотив”-и Тошканд доир гардид. Бозӣ бо пирӯзии футболбозони ҷавони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳоро дар нимаи дувуми бозӣ Айман Яҳё (дақиқаи 57-ум) ва Сауд Абдулҳамид (дақиқаи 90+3) ба самар расониданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқа тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Ҷопон 7-имтиёзӣ ба даст оварданд.

Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо тими Арабистони Саудӣ дар ҷадвали гурӯҳи “D” мақоми аввалро соҳиб шуд, дастаи Ҷопон ҷои дувумро азони худ кард. Ҳарду даста ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб бо се имтиёз дар ҷои севум қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23), ки ҳарсе бозиашро бохт, бидуни имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал ҷойгир шуд. Дастаҳои Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон аз ҳаққи иштирок дар даври чорякниҳоии мусобиқа маҳрум гаштанд.

Зимнан, футболбозони ҷавони тоҷик дар се бозӣ натавонистанд гол зананд ва аз дарвозаи худ аз ҳама бештар – 10 гол - сар доданд.

Ба гуфтаи Аслиддин Ҳабибуллоев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), яке аз сабабҳои асосии нокомии даста дар ин мусобиқа нарасидани бозигарони калидие мебошад, ки ҳоло дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон қарор доранд ва дар Бишкек дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 иштирок мекунанд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Узбекистон то рӯзи 19-уми июн идома меёбад, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф муборизаро дар чорякфинал идома медиҳанд.

Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби то 23-сола

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 5:0

Голҳо: Ҳамад Турк Ал-Туҳайфан, 40 (1:0). Айман Яҳё Аҳмад, 50 (2:0). Ҳаитҳам Муҳаммад Асирӣ, 68 (3:0). Мутиб Саад Ал-Ҳарбӣ, 87 (4:0). Абдуллоҳ Ҳодӣ Радиф, 90+7 (5:0).

3-юми июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив»

Имороти Муттаҳидаи Араб – Ҷопон – 1:2

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Имороти Муттаҳидаи Араб – 0:2

Голҳо: Абдулазиз Ал-Блуши, 13 (0:1), Мансур Саид Ал-Менҳалӣ, 78 – аз пеналти (0:2)

6-уми июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив»

Ҷопон – Арабистони Саудӣ – 0:0

Даври 3-юм

Ҷопон – Тоҷикистон – 3:0

Голҳо: Куриу Матсуки, 11 (1:0), Кеин Сато, 57 (2:0), Таика Накашима, 90+4 (3:0)

Тоҷикистон: Аҳлиддин Ҳабибуллоев, Ҳусейн Нурматов, Шоҳрух Сангов, Фирдавс Алиназаров, Шарифбек Раҳматов (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 46), Эмомалӣ Аҳмадхон, Умарҷон Шарипов (Кароматулло Саидов, 86), Сорбон Авғонов, Абдулмуъмин Забиров (Ислом Зоиров, 46), Ҳамадонӣ Камолов (Далер Ёдгоров, 59), Суннатулло Исмоилов (Шарафҷон Солеҳов, 59).

9-уми июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Бунёдкор». 375 тамошобин.

Арабистони СаудӣИмороти Муттаҳидаи Араб – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «D»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Арабистони Саудӣ

3

2

1

0

7-0

7

2

Ҷопон

3

2

1

0

5-1

7

3

Имороти Муттаҳидаи Араб

3

1

0

2

3-4

3

4

Тоҷикистон

3

0

0

3

0-10

0

Ҳамин тариқ, дар 1/4 финали Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби то 23-сола Узбекистон бо Ироқ, Австралия бо Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ бо Ҷопон ва Арабистони Саудӣ бо Ветнам бозӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG