Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел гуфт, "Путин мехоҳад, Иттиҳоди Аврупоро аз байн барад"


Ангела Меркел
Ангела Меркел

Ангела Меркел, собиқ садри аъзами Олмон, дар мусоҳибааш ба маҷаллаи маъруфи “Der Spiegelҳамлаи Русияро ба Украина “иштибоҳи бузург” хондааст.

"Ин як ҳамлаи ваҳшиёнаест, ки қонуни байнулмилалиро поймол мекунад ва ҳеч асосе надорад," -- гуфт ӯ.

Нерӯҳои Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла карданд ва ҷанг то кунун давом дорад.

Маскав мегӯяд, ҳадаф аз ҳамла ба Украина мубориза бо миллатгароён аст, вале Киев ва бисёре аз кишварҳои ғарбӣ инро таҷовуз ба хоки Украина гуфтанд.

Ангела Меркел дар мусоҳибааш ба маҷаллаи олмонии “Der Spiegel” гуфт, Путин ба модели демократияи ғарбӣ хусумат дорад: “Путин мехоҳад, Иттиҳоди Аврупоро аз байн барад, зеро дар он қадами аввалин ба сӯи НАТО-ро мебинад.

Меркел аз соли 2005 то октябри 2021 садри аъзам ё нахуствазири Олмон буд ва ӯро барои сиёсати нармаш дар баробари Русия танқид мекунанд.

Ӯ дар мусоҳибааш ба "Der Spiegel” гуфт, зарур нест, ки барои сиёсатҳояш нисбати Маскав узр пурсад, вале эътироф кард, ки ҳангоми ғасби нимҷазираи Қрим дар соли 2014 аз тарафи Русия бояд вокуниш шадидтар мешуд.

Меркел бо ишора ба суҳбатҳояш бо президенти Русия афзуд, роҳи низомӣ ягона забонест, ки Путин мефаҳмад.

XS
SM
MD
LG