Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "F" пешсафанд


Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national football team.
Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national football team.

Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Бишкек рақибонашонро шикаст доданд, дар ҷадвали гурӯҳи F пешсаф шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш тими миллии Мянмарро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард. Ин бозӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.

Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Шервонӣ Мабатшоев ба самар расонид. Ду голи дигарро Манучеҳр Ҷалилов (аз пеналти) ва Эҳсони Панҷшанбе заданд.

Бояд гуфт, ки сардовари бозӣ Умар Иброҳим Ҳасан аз Баҳрайн дар оғози нимаи дувуми дидор ба Сое Мое, бозигари мунтахаби Мянмар, ки дар ҷаримагоҳи дастаи худ муқобили рақибаш қоидаи бозиро вайрон кард, корти сурх нишон дод ва аз дақиқаи 54-ум то анҷоми бозӣ теъдоди бозигарони мянмариҳо дар майдон як нафар кам буд.

Бозӣ муқобили тими миллии Мянмар бо ҳисоби бузурги 4:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон ба поён расид. Зимнан, ин ғалабаи чаҳоруми тими миллии Тоҷикистон бар мунтахаби Мянмар дар бозиҳои расмӣ ба шумор меравад. Соли 2010 футболбозони тоҷик дар ду бозӣ муқобили Мянмар бо ҳисоби 3:0 ва 1:0, соли 2021 бо ҳисоби 4:0 ғолиб омада буданд. Дар як бозӣ соли 2019 мунтахаби Мянмар дар майдони худ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд.

Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи F миёни тимҳои миллии Қирғизистон ва Сингапур, ки 8-уми июн дар Бишкек доир гардид, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дигари худ 11-уми июн бо мунтахаби Сингапур ва 14-уми июн бо дастаи мизбон - Қирғизистон - бозӣ хоҳад кард.

Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки вазифаи ягонаи даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтан аст. Зимнан, тими миллии Тоҷикистон ягон бор ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ наёфтааст.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста шаш ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дувум қарор мегиранд, роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

Тоҷикистон Мянмар – 4:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 9 (1:0), Манучеҳр Ҷалилов, 55 аз пеналти (2:0), Шервонӣ Мабатшоев, 57 (3:0), Эҳсони Панҷшанбе, 84 (4:0)

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (капитан), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Алиҷони Айнӣ, 65), Шервонӣ Мабатшоев (Шаҳром Самиев, 67), Эҳсони Панҷшанбе (Меҳрубон Каримов, 85), Парвизҷон Умарбоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 65), Манучеҳр Ҷалилов (Далер Имомназаров, 67).

Беҳтарин бозигари дидор: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон).

8-уми июн. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов. 50 тамошобин.

Қирғизистон – Сингапур – 2:1

Голҳо: Сон Уй-Янг, 55 (0:1). Валерий Кичин, 77 – аз пеналти (1:1). Виктор Майер, 80 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Виктор Майер (Қирғизистон).

8-уми июн. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов. 7322 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Тоҷикистон

1

1

0

0

4-0

3

2

Қирғизистон

1

1

0

0

2-1

3

3

Сингапур

1

0

0

1

1-2

0

4

Мянмар

1

0

0

1

0-4

0

Даври 2-юм

11-уми июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – Тоҷикистон

20:00 – Мянмар – Қирғизистон

Даври 3-юм

14-уми июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 Қирғизистон Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG