Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҷасади 210 муҳофизи Мариуполро ба Украина додааст


Мариупол, 15-уми майи 2022
Мариупол, 15-уми майи 2022

Украина ҷасади 210 низомиашро, ки ҳангоми муҳофизати Мариупол кушта шуданд, дарёфт кард. Бисёре аз онҳо дар корхонаи оҳангудозии "Азов" кушта шудаанд. Дар ин бора Раёсати асосии иктишофии Украина хабар дод. Ҷониби Русия хабарро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Дар охири ҳафтаи гузашта Украина аз табодули ҷасади сарбозон бо Русия хабар дода буд.

Анна Головко, намояндаи полки "Азов", рӯзи 7-уми июн тасдиқ кард, ки 2-юми июн Русияву Украина ҳар кадом 160 ҷасадро ба якдигар додаанд. Ҳадди ақал 52 ҷасад марбути сарбозони полки "Азов" дониста мешавад. Дар Киев ба ташхис ва шиносоии ҷасадҳо шуруъ кардаанд.

Миёнаҳои моҳи май низомиҳои Украина, аз ҷумла ҷанговарони "Азов", ки бештар аз ду моҳ корхонаи "Азовстал"-ро дар Мариупол муҳофизат мекарданд, таслим шуданд.

Расонаҳои Русия навиштанд, бештар аз 1000 низомии украинӣ, ки дар корхонаи "Азовстал" таслим шуда буданд, ба Русия интиқол ёфтаву бозпурсӣ мешаванд.

Ба иттилои ҷониби Русия, дар умум 2,5 ҳазор низомии Украина таслим шудааст. Ин иттилоъро Владимир Зеленский, президенти Украина низ тасдиқ кард.

Президенти Украина борҳо такрор кард, ки Киев барои баргардонии онҳо ҳамаи талошро харҷ мекунад. Ҷониби Русия дар бораи табодули ин ҷанговарон ҳарф намезанад ва ба додгоҳ кашидани онҳоро аз эҳтимол дур намедонад.

XS
SM
MD
LG