Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан"-и Кӯлоб дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон пешсаф шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар даври дувуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022, ки рӯзҳои 4-5-уми июн бо ширкати ҳашт даста баргузор шуд, чаҳор бозӣ доир гардид.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар меҳмонӣ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 6:5 шикаст дод, бо 6 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсаф шуд.

Дастаҳои «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор доранд. «Соро компания» дар майдони худ «Самандар»-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузургтарини 15:1 шикаст дод. «Сипар» бошад, дар меҳмонӣ «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард.

Дар бозии дигари даври дувум тими «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бар дастаи меҳмон - «Пойтахт»-и Душанбе – бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд.

Бозиҳои даври 3-юми мусобиқа рӯзҳои истироҳат баргузор мешаванд: 11-уми июн (шанбе) - Сипар» – «Истаравшан», «Самандар» – «Истиқлол», 12-уми июн (якшанбе) - «Равшан» – «Соро компания», «Пойтахт» – КМВА.

Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022

Даври 2-юм

«Истаравшан» – «Пойтахт» – 5:2

Голҳо: Баҳодур Хоҷаев, 2 (1:0). Хусрав Холиқназаров, 3 (1:1). Баҳодур Хоҷаев, 21 (2:1). Мирзошариф Умаров, 30 (3:1). Баҳодур Хоҷаев, 33 (4:1). Шуҳрат Баротов, 37 (5:1). Сомон Саидзода, 39 (5:2).

КМВА – «Равшан» – 5:6

Голҳо: Рамз Амрохонов, 6 (1:0). Қурбонмад Раҳимов, 8 (1:1). Сорбон Латипов, 10 (1:2). Акмал Алиназаров, 17 (2:2). Акмал Алиназаров, 18 (3:2). Акмал Алиназаров, 19 (4:2). Қурбонмад Раҳимов, 22 (4:3). Шокиров, 31 (4:4). Алишер Музаффаров, 32 (4:5). Шамсиддин Қосимов, 34 (5:5). Одилҷон Мараимов, 40 (5:6).

«Соро компания» – «Самандар» – 15:1

Голҳо: Мӯҳсин Муҳаммадзода, 2 (1:0). Бахтиёр Солиев, 4 (2:0). Самандар Ризомов, 8 (3:0). Шаҳбоз Раҳимов, 13 (3:1). Муҳаммад Шарипов, 14 (4:1). Насим Шарипов, 18 (5:1). Муҳаммад Шарипов, 25 (6:1). Мӯҳсин Муҳаммадзода, 27 (7:1). Самандар Ризомов, 28 (8:1). Насим Шарипов, 35 (9:1). Муҳаммад Шарипов, 36 (10:1). Бахтиёр Солиев, 37 (11:1). Бахтиёр Солиев, 38 (12:1). Самандар Ризомов, 38 (13:1). Самандар Ризомов, 39 (14:1). Муҳаммад Шарипов, 40 (15:1).

«Истиқлол» – «Сипар» – 1:4

Голҳо: Меҳрон Ризопур, 22 (0:1). Нусратшоҳ Исмоилов, 28 (1:1). Собирҷон Гулаков, 30 (1:2). Собирҷон Гулаков, 37 (1:3). Собирҷон Гулаков, 38 (1:4).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

2

2

0

0

14-10

6

2

«Соро компания» (Душанбе)

2

1

1

0

16-2

4

3

«Сипар» (Хуҷанд)

2

1

1

0

5-2

4

4

КМВА (Душанбе)

2

1

0

1

11-9

3

5

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

1

0

1

5-3

3

6

«Истиқлол» (Душанбе)

2

1

0

1

2-4

3

7

«Пойтахт» (Душанбе)

2

0

0

2

7-13

0

8

«Самандар» (Турсунзода)

2

0

0

2

4-21

0

Даври 3-юм

11-уми июн (шанбе)

«Сипар» – «Истаравшан»

«Самандар» – «Истиқлол»

12-уми июн (якшанбе)

«Равшан» – «Соро компания»

«Пойтахт» – КМВА

XS
SM
MD
LG