Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон (U-23) аз ҳаққи иштирок дар чорякфинали Ҷоми Осиё маҳрум шуд


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар бозии дувумаш низ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи D” аз тими Имороти Муттаҳидаи Араб (U-23) бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ шаби душанбеи 6-уми июн дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуд. Абдулазиз Ал-Блуши дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 13-ум, ҳисобро боз кард. Голи дувумро Мансур Саид Ал-Менҳалӣ дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 78-ум, аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба самар расонид.

Бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи «D» миёни дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Арабистони Саудӣ, ки 6-уми июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Тошканд доир гардид, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Ҷопон, ки чаҳоримтиёзӣ ба даст овардаанд, дар ҷадвали гурӯҳи “D” пешсафанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи Арабистони Саудӣ ҷои аввал ва тими Ҷопон ҷои дувумро касб кардаанд. Мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб бо се имтиёз дар ҷои севум қарор дорад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23), ки бидуни имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал ҷойгир шудааст, сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи “Д” аз ҳаққи иштирок дар даври чорякниҳоии мусобиқа маҳрум шуд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Узбекистон то рӯзи 19-уми июн идома меёбад, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф муборизаро дар чорякфинал идома медиҳанд.

Ба гуфтаи Аслиддин Ҳабибуллоев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), нокомии даста дар ду бозӣ муқобили тимҳои Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб нарасидани бозигарони калидие мебошад, ки ҳоло дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон қарор доранд ва дар Бишкек ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар Тошканд бозии охиринашро дар гурӯҳи «D» рӯзи панҷшанбе, 9-уми июн, дар варзишгоҳи “Бунёдкор” бо дастаи мунтахаби Ҷопон баргузор мекунад. Дар бозии дигар дар варзишгоҳи «Локомотив» мунтахаби Арабистони Саудӣ бо тими Имороти Муттаҳидаи Араб рӯбарӯ мешавад. Ҳарду бозӣ дар як замон – соати 18:00 оғоз меёбад.

Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби то 23-сола

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 5:0

Голҳо: Ҳамад Турк Ал-Туҳайфан, 40 (1:0). Айман Яҳё Аҳмад, 50 (2:0). Ҳаитҳам Муҳаммад Асирӣ, 68 (3:0). Мутиб Саад Ал-Ҳарбӣ, 87 (4:0). Абдуллоҳ Ҳодӣ Радиф, 90+7 (5:0).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳаммадҷон Насков, Шоҳрух Сангов (Ҳусейн Нурматов, 75), Наимҷон Иброҳимзода, Кароматулло Саидов (Эмомалӣ Аҳмадхон, 69), Далер Ёдгоров (Суннатулло Исмоилов, 69), Умарҷон Шарипов (Сорбон Авғонов, 46), Ислом Зоиров (Шарафҷон Солеҳов, 46), Ҳамадонӣ Камолов, Алишер Баротов, Муҳаммадалӣ Азизбоев.

3-юми июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив». 280 тамошобин.

Имороти Муттаҳидаи АрабҶопон – 1:2

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Имороти Муттаҳидаи Араб – 0:2

Голҳо: Абдулазиз Ал-Балушӣ, 13 (0:1), Мансур Саид Ал-Менҳалӣ, 78 – аз пеналти (0:2)

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Алишер Баротов, Муҳаммадҷон Насков, Ҳусейн Нурматов, Наимҷон Иброҳимзода, Кароматулло Саидов (Шарафҷон Солеҳов, 82), Эмомалӣ Аҳмадхон (Умарҷон Шарипов, 67), Сорбон Авғонов (Далер Ёдгоров, 67), Ислом Зоиров (Абдулмуъмин Забиров, 67), Ҳамадонӣ Камолов, Муҳаммадалӣ Азизбоев (Суннатулло Исмоилов, 46).

6-уми июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив». 185 тамошобин

Ҷопон – Арабистони Саудӣ – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Арабистони Саудӣ

2

1

1

0

5-0

4

2

Ҷопон

2

1

1

0

2-1

4

3

Имороти Муттаҳидаи Араб

2

1

0

1

3-2

3

4

Тоҷикистон

2

0

0

2

0-7

0

Даври 3-юм

9-уми июн (панҷшанбе)

18:00 – Ҷопон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Бунёдкор»

18:00 – Арабистони Саудӣ – Имороти Муттаҳидаи Араб. Варзишгоҳи«Локомотив»

XS
SM
MD
LG