Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дуюм ҳам тими Имороти Муттаҳидаи Арабро мағлуб кард


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии дуюми дӯстона, ки 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бар тими Имороти Муттаҳидаи Араб (U-20) бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Голи ягонаро Бежан Нишонбойзода дар дақиқаи 37-ум ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) дар бозии аввали дӯстона, ки 2-юми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар тими Имороти Муттаҳидаи Араб (U-20) бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд.

Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Салам Ашӯрмамадов, Азизбек Ҳаитов ва Меҳроб Асоев ба самар расониданд. Голи ягонаи меҳмононро Ал-Ҷуниби Хазза ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 14-ум то 18-уми сентябри имсол дар Душанбе доир мегарданд.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Бозиҳои дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-20) – ИМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ (U-20) – 3:1

Голҳо: Салам Ашӯрмамадов, 24 (1:0). Азизбек Ҳаитов, 67 (2:0). Меҳроб Асоев, 90+1 аз пеналти (3:0). Ал-Ҷуниби Хазза, 90+3 (3:1).

Тоҷикистон (U-20): Суҳробхуҷа Юсупов (Шаҳобиддин Маҳмудзода, 85), Фахриддин Аҳтамов (Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, 85), Раҳматшо Раҳматзода (Содиқҷон Қурбонов, 85), Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло (Асадбек Зиёзода, 62), Аббос Андалебов (Бежан Нишонбойзода, 62), Иброҳим Зокиров (Меҳроб Асоев, 77), Абдулло Шарипов (Амирҷони Фаррухзод, 62), Салам Ашӯрмамадов (Азизбек Далиев, 77), Азизбек Ҳаитов (Ҳамзаҷон Аҳтамов, 85), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Далер Шарипов, 62).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Тоҷикистон).

2-юми июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1100 тамошобин.

ТОҶИКИСТОН (U-20) – ИМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ (U-20) – 1:0

Гол: Бежан Нишонбойзода, 37.

Тоҷикистон: Суҳробхуҷа Юсупов, Меҳрубони Абдурауф, Асадбек Зиёзода (Иброҳим Зокиров, 80), Раҳматшо Раҳматзода (Содиқҷон Қурбонов, 46), Шаҳриёри Иноятулло (Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, 46), Азизбек Ҳаитов (Аббос Андалебов, 65), Бежан Нишонбойзода (Ҳамзаҷон Аҳтамов, 65), Салам Ашӯрмамадов (Азизбек Далиев, 65), Амирҷони Фаррухзод (Абдулло Шарипов, 46, Асадбек Ҷӯрабекзода, 80), Меҳроб Асоев (Хуршед Давлатзода, 65), Далер Шарипов (Суннатулло Азизов, 46, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 80).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Тоҷикистон).

4-уми июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 520 тамошобин.

XS
SM
MD
LG