Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби миллии Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Бишкек


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай рӯзи 4-уми июн ба шаҳри Бишкек сафар кард. Дар ҳамин ҳол футболбозони тоҷик бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар пойтахти Қирғизистон ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай 25 бозигар дохил аст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Мянмар (8-уми июн), Сингапур (11-уми июн) ва Қирғизистон (14-уми июн) бозӣ хоҳад кард.

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 8-уми июн, муқобили тими миллии Мянмар баргузор мешавад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (15:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дуюм қарор мегиранд, роҳ меёбанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов (СК «Пеликан», Туркия);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («Черчилл Бразерс», Ҳиндустон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мақтаарал», Қизоқистон), Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ: Петр Сегрт (Хорватия).

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

8-уми июн (чоршанбе)

15:30 – Тоҷикистон – Мянмар

20:00 – Қирғизистон – Сингапур

Даври 2-юм

11-уми июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – Тоҷикистон

20:00 – Мянмар – Қирғизистон

Даври 3-юм

14-уми июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG