Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазифаҳои додситони кулли Қирғизистонро Абай Молдокматов иҷро мекунад


Абай Молдокматов
Абай Молдокматов

Иҷрои вазифаҳои додситони кулли Қирғизистон муваққатан ба дӯши муовини аввали додситони кул Абай Молдокматов гузошта шуд. Дар ин бора президенти он кишвар Содир Ҷабборов (Жапаров) фармон содир кард.

Ҷабборов бо як фармони дигар додситони кул Қурмонқул Зулушевро муваққатан аз мақом барканор кард. Дар дафтари президенти Қирғизистон дар шарҳи фармонҳои мазкур гуфтанд, "ин тасмим ба хотири таъмини таҳқиқи одилонаи парвандаи ҷиноии вазири ҳифзи тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев" гирифта шудааст.

Зулушев дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки фармони президент "мавриди баррасӣ қарор намегирад" ва "ҳар тасмими вай бояд иҷро шавад".

"Шаҳрванди қаторӣ бошад ё ходими давлатӣ - қарор барои ҳама як аст! Вазифа ман - назорат кардани он ки қонунҳо беченучаро иҷро шаванд", - навишт Зулушев.

Ин дар ҳолест, ки президенти Қирғизистон бо як фармони дигар вазири боздоштшудаи тандурустии кишвараш Олимқодир Бейшеналиевро муваққатан аз мақом барканор кардааст.

Дар додситонии кулли Қирғизистон гуфтанд, вазири ҳифзи тандурустӣ фармон додааст, ки бо 1,5 миллиард сом ваксинаи зидди коронавирус харида шавад. Дар ҳоле ки ба Қирғизистон кишварҳои мададрасон ваксинаи ройгон дода буданд. Тафтишот мегӯяд, роҳбарияти вазорат маблағҳоро барои харидани ваксина ба минтақаҳои офшор фиристодааст.

XS
SM
MD
LG