Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё аз тими Саудӣ


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи D” ба тими Арабистони Саудӣ (U-23) бо ҳисоби бузурги 0:5 бохт.

Ин бозӣ 3-юми июн дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуд. Ҳамад Турк Ал-Туҳайфан дар охири нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 40-ум, ҳисобро кушод. Чаҳор голи дигарро футболбозони араб дар нимаи дуюми дидор ба самар расониданд: Айман Яҳё Аҳмад (дақиқаи 50-ум), Ҳаитҳам Муҳаммад Асирӣ (68), Мутиб Саъд Ал-Ҳарбӣ (87), Абдуллоҳ Ҳодӣ Радиф (90+7).

Дар бозии дигари гурӯҳи «D» дастаи мунтахаби Ҷопон тими Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Ба ин тартиб, тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Ҷопон, ки сеимтиёзӣ ба даст оварданд, дар ҷадвали гурӯҳи “D” пешсаф шуданд.

Аслиддин Ҳабибуллоев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), дар нишасти хабарӣ, ки 2-юми июн пеш аз бозӣ муқобили мунтахаби Арабистони Саудӣ дар пойтахти Узбекистон доир гардид, гуфт, «мо дар Ҷоми Осиё-2022 ба пурқувваттарин гурӯҳ дохил шудаем. Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва Имороти Муттаҳидаи Араб - ин дастаҳо ба муаррифӣ ниёз надоранд. Ҳар як даста кӯшиш мекунад, ки вазифаи худро иҷро намояд. Мушкили аслии дастаи мо талафоти кадрӣ, яъне нарасидани бозигарони калидие мебошад, ки ҳоло дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон қарор доранд ва ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинанд. Бо вуҷуди набудани як қатор бозигарон кӯшиш мекунем, ки дар қисми ниҳоии чемпионати Осиё дар Узбекистон бозии хуб нишон дода, мухлисонро бо натиҷаи хуб шод гардонем.

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола, ки дар Тошканд то 19-уми июн идома хоҳад кард, дар гурӯҳи «D» боз бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) рақобат мекунад.

Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби то 23-сола

Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 5:0

Голҳо: Ҳамад Турк Ал-Туҳайфан, 40 (1:0). Айман Яҳё Аҳмад, 50 (2:0). Ҳаитҳам Муҳаммад Асирӣ, 68 (3:0). Мутиб Саад Ал-Ҳарбӣ, 87 (4:0). Абдуллоҳ Ҳодӣ Радиф, 90+7 (5:0).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳаммадҷон Насков, Шоҳрух Сангов (Ҳусейн Нурматов, 75), Наимҷон Иброҳимзода, Кароматулло Саидов (Эмомалӣ Аҳмадхон, 69), Далер Ёдгоров (Суннатулло Исмоилов, 69), Умарҷон Шарипов (Сорбон Авғонов, 46), Ислом Зоиров (Шарафҷон Солеҳов, 46), Ҳамадонӣ Камолов, Алишер Баротов, Муҳаммадалӣ Азизбоев.

3-юми июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив». 280 тамошобин.

Имороти Муттаҳидаи АрабҶопон – 1:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Арабистони Саудӣ

1

1

0

0

5-0

3

2

Ҷопон

1

1

0

0

2-1

3

3

Имороти Муттаҳидаи Араб

1

0

0

1

1-2

0

4

Тоҷикистон

1

0

0

1

0-5

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

6-уми июн (душанбе)

18:00 – Ҷопон – Арабистони Саудӣ. Варзишгоҳи «Пахтакор»

20:00 – Тоҷикистон – Имороти Муттаҳидаи Араб. Варзишгоҳи «Локомотив»

Даври 3-юм

9-уми июн (панҷшанбе)

18:00 – Ҷопон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Бунёдкор»

18:00 – Арабистони Саудӣ – Имороти Муттаҳидаи Араб. Варзишгоҳи«Локомотив»

XS
SM
MD
LG