Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳсин Муҳаммадиев ноиби аввали президенти бошгоҳи футболи "Истиқлол" таъин шуд


Муҳсин Муҳаммадиев.
Муҳсин Муҳаммадиев.

Собиқ футболбози маъруфи дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев ноиби аввали президенти бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе таъин шуд. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи «Истиқлол» хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, қаблан Мӯҳсин Муҳаммадиев дар бошгоҳи «Истиқлол» ба ҳайси сармураббии даста фаъолият карда буд. Таҳти роҳбарии ӯ дар мавсими соли 2017 қаҳрамони Тоҷикистон ба финали Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) роҳ ёфт. Муҳаммадиев дорои муҷҷавизи мураббии аврупоии "Pro" УЕФА мебошад.

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз хушномтарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21-уми октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Вай, ки аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби се духтар аст.

Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) 1992-1993, "Анкарагучу” (Туркия) - 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф гаштааст.

Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 - 2005 мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.

Ӯ баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои кор ба бошгоҳи "Ордабаси"-и вилояти Шимкенти Қазоқистон рафта буд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев аз охири соли 2016 сармураббии тими "Истиқлол" буд. Таҳти сарварии ӯ «Истиқлол» Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ду дафъа Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, ба финали Ҷоми «АФК-2017» роҳ ёфт.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе, 22-юми майи соли 2018 аз вазифааш истеъфо дод. Истеъфои ӯ ба нокомии тими “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 рабт дошт. «Истиқлол» аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё маҳрум шуд. ​

XS
SM
MD
LG