Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022


Дар қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол, ки 31-уми май дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе доир гардид, намояндагони 12 дастаи лигаи аввал ширкат карданд.

Тибқи қуръакашӣ дар марҳилаи муқаддамотӣ дастаҳо шаш ҷуфтро ташкил доданд: «Панҷшер» (Балхӣ) – «Динамо» (Душанбе), «Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Ҳосилот» (Фархор), «Моҳир» (Ёвон) – «Душанбе» (Душанбе), «Ҳулбук» (Восеъ) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Саройкамар» (Панҷ) – «Гулистон» (Гулистон) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ).

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як бозӣ иборат аст, ки 4-5-уми июн баргузор мешаванд. Ғолибон ба 1/8 финал роҳ меёбанд, ки дар ин марҳила ба мубориза дастаҳои лигаи олӣ мепардозанд.

Бозии «Панҷшер» – «Динамо» дар рӯзҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад, зеро ки дастаи душанбегӣ бошгоҳи асосии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аст, 2-юм ва 4-уми июн дар Душанбе бо тими ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб (U-20) бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2022 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/2024 мушарраф мешавад. Дар сурати қаҳрамони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми миллӣ гаштани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC ҷоизадори биринҷии лигаи олии кишвар бозӣ хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2022

Марҳилаи муқаддамотӣ

4-уми июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Ваҳдат» – «Ҳосилот»

«Моҳир» – «Душанбе»

5-уми июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Ҳулбук» – «Сарҳадчӣ»

«Саройкамар» – «Гулистон»

«Барқчӣ» – «Кӯктош»

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 30-юм баргузор хоҳад шуд. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар ҳашт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд панҷ бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (феълан «Хатлон»-и Бохтар) , “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Равшан”-и Кӯлоб дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992 – 2021):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) 0:0. Аз рӯи пеналтӣ 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 1:1. Аз рӯи пеналтӣ 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.

2020 «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0.

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG