Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаро дар Дубай ба тими миллии Сурия бохт


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Сурия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар доираи омодагии даста ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 шоми чоршанбеи 1-уми июн дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд. Голи ягонаро Умар Ал-Сумоҳ дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 16-ум, ба самар расонид.

Ин бозии ҳаштуми футболбозони тоҷику суриягӣ дар сатҳи тимҳои миллӣ ба шумор мерафт. Дар чаҳор бозӣ мунтахаби Сурия, дар се дидор мунтахаби Тоҷикистон пирӯз шудаанд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфтааст.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай 25 бозигар дохил аст.

Бояд гуфт, ки тибқи дастури FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Сурия бозигарони бошгоҳи «Персеполис»-и Эрон, ҳимоятгарон Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов, ки дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар шаҳри Намангони Узбекистон дар бозӣ барои ҷои сеюм бо тими миллии Қирғизистон (1:0) корти сурх гирифта буданд, иштирок накарданд.

Баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Мянмар (8-уми июн), Сингапур (11-уми июн) ва Қирғизистон (14-уми июн) бозӣ хоҳад кард.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дуюм қарор мегиранд, роҳ меёбанд.

Бозии дӯстона

СУРИЯ – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Умар Ал-Сумоҳ, 16.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов (Муҳриддин Ҳасанов, 78), Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода (Комрон Турсунов, 67), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Алиҷони Айнӣ, 67), Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 78), Шервонӣ Мабатшоев, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 51), Манучеҳр Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 67).

Сардовар: Муҳаммад Абдулло Муҳаммад (Имороти Муттаҳидаи Араб).

1-уми июн. Дубай. Варзишгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Ал-Авир». 300 тамошобин.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов (СК «Пеликан», Туркия);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («Черчилл Бразерс», Ҳиндустон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ Петр Сегрт (Хорватия).

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG