Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон содироти равғани растаниро манъ кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сар аз 1-уми июн Узбекистон содироти равғани растанӣ ва пахтаро манъ кард.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 31-уми май фармон "Дар бораи чораҳои иловагӣ барои таъмини арзиши муътадили бозор"-ро имзо кард.

Бино ба ин фармон, шуруъ аз 1-уми июн содироти равғани растанӣ, ҳам пахта ва ҳам офтобпараст манъ шудааст.

Ҳамчнунин, бино ба фармони мазкур аз 1-уми июн Узбекистон содироти донаи офтобпараст ва дигар донагиҳое, ки барои истеҳсоли равған пешбинӣ шудаанд, манъ шудааст.

Девони вазирони Узбекистон метавонад, дар сурати ба таври кофӣ таъмин шудани бозори дохилӣ аз ин маҳсулот манъи содироти онро бекор созад.

XS
SM
MD
LG