Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1-уми июн дар Тоҷикистон иди кӯдаконро таҷлил мекунанд


Рӯзи 1-уми июн инчунин дар мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон таътили тобистона шурӯъ шуд
Рӯзи 1-уми июн инчунин дар мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон таътили тобистона шурӯъ шуд

1-уми июн дар Тоҷикистон Рӯзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат дар бисёре аз муассисаҳои фарҳангию фароғатии кишвар, аз ҷумла, Боғи кӯдакони Душанбе, Осорхонаи миллӣ ва маконҳои дигар барномаҳои идона ба мисли бозиҳои варзишӣ, озмуни расмкашӣ, консерти кӯдакон ва намоишгоҳҳо барпо мешаванд.

Инчунин, имрӯз рӯзи аввали таътили тобистона дар мактабҳои кишвар аст. Тоҷикистон як кишвари ҷамъияташ ҷавон ба ҳисоб меравад ва 40 дар сади аҳолиаш то 18-сола мебошанд.

Мушкилоти дастрасии ройгон ба таҳсил ва таъминоти иҷтимоиву хӯроки дуруст аз масоили ҷиддии баъзе хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG