Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи рейтингии гуштии юнонию румӣ, гуштии озод ва гуштии занона ба хотираи мураббии маъруфи қазоқ Болат Турлихонов, ки рӯзҳои 2-5-уми июн дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон, дар Ҷоми Болат Турлихонов иштироки ҳудуди 300 варзишгар аз 15 кишвар дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар (5 нафар оид ба гуштии юнонию румӣ ва 4 нафар оид ба гуштии озод) муаррифӣ хоҳанд кард:
Гуштии юнонию румӣ
1. Асламҷон Азизов (55 кг)
2. Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг)
3. Шероз Очилов (72 кг)
4. Ҳабибҷон Зуҳуров (77 кг)
5. Суҳроб Абдулҳаев (82 кг)
Гуштии озод
1. Шамсиддин Ибодов (61 кг)
2. Комрон Холов (65 кг)
3. Муборакшо Қурбонбеков (70 кг)
4. Файз Файззода (97 кг)
Ҷадвали мусобиқа:
2-юми июн
Гуштии юнонию румӣ: 55, 60, 63, 67, 87, 97 ва 130 кг
3-юми июн
Гуштии юнонию румӣ: 72, 77, 82 кг
Гуштии занона: 57, 62, 68, 76 кг
4-уми июн
Гуштии занона: 50, 53, 55, 59, 65 ва 72 кг
Гуштии озод: 97, 125 кг
5-уми июн
Гуштии озод: 57, 61, 65, 70, 74, 79, 86 ва 92 кг
Оғози мусобиқа ҳаррӯз - соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 11:30 ба вақти Душанбе).
Мақсади сафари Путин аз Тоҷикистон аз 3 масъала иборат аст Якум, истифодаи Тоҷикистон дар убури станксияҳои мамлакатҳои дунё нисбати Россия . Дуввум, ошти додани Раҳмонов бо Толибон ва кафолати сарҳадҳои ҷанубиашро эмин доштани Россия аз ҳар гуна хатарҳо. Россия Тоҷикистонро ҳамчун як губернияи худ меҳисобад. Масъалаи севвум, ин иҷоза додан ба таъин намудани Ворис ба мақоми президентӣ дар тирамоҳи соли ҷорӣ мебошад.
Қосим-ҷомарт Тоқаев гуфт, мо истиқлоли ҷумҳуриҳои Луҳангу Донатскро эътироф намекунем, таҳримоти ғарб зидди Россияро эҳтиром мекунем, ва баёнияҳои дигари барои Россия “нохушоянд” кард, путин маҷбур шуд назди дӯстони “вафодор”-аш (лояльный) эмомалӣ ва қурбоналӣ (қурбонгулӣ) биравад.
Путин мисли худаш фақат ва ҳукуматаш фақат бо диктаторҳо унс мегирад. Ба ҳамон хотир аввалин сафараш ба кишварҳое мебошад, ки раҳбаронаш диктатор ҳастанду аз курсияшон метарсанд ки аз даст наравад.
Билась нечисть грудью в грудь И друг-друга извела Прекратилосья навек безобразие Ходит в лес человек безбоязненно...
Путин 30 ҳазор зиёд афсараша бой дод.барои аскархари меояд сад фоиз.раҳмонов як хоини миллат аст.путин пула медиҳаду рахмонов аскарҳоро мефурӯшад.наравад,аз украина мурданда ҳуқуқи худтона талаб кунед.путин аҳволаш бад аст,дар ин шабу рӯз,фақат барои чанговар харидану бурдан меояду халос.раҳмонов метарсад аз путин.эҳтиёт кунед