Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар ҷануби Қирғизистон. Чанд кас захмӣ шудааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар натиҷаи таркиш дар яке аз корхонаҳои вилояти Ҷалолободи Қирғизистон чанд шаҳрванди хориҷӣ низ осеб дидааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон иттилоъ дода, ки таркиш 29-уми май дар корхонаи "Мин Ксин" рух дода, дар натиҷа кормандон К.С. (1993), Б.А. (1991) ва А.А. (1996) сахт осеб дидаанд.

Ба иттилои вазорат, дар миёни осебдидаҳо як шаҳрванди Узбекистон ва ду шаҳрванди Чин низ ҳастанд. Дар вазорат гуфтанд, тафтиши сабабҳои ҳодиса идома дорад.

Дар корхонаи мазкур, ки бо 114 миллион сом сармояи шаҳрванди Чин ташкил шудааст, 65 кас кор мекунад.

XS
SM
MD
LG