Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчами Украинаро дар қуллаи Путин бо парчами Қирғизистон иваз кардаанд


Қуллаи Путин. Акс аз соли 2011
Қуллаи Путин. Акс аз соли 2011

Мақомот дар Қирғизистон баъд аз таҳқиқу пурсуҷӯ гуфтанд, ки дар қуллаи Путин, дар баландии беш аз 4,4 ҳазор метр, дар кӯҳҳои Тиёншон, парчами Украинаро бо парчами Қирғизистон иваз карданд.

Хабари дар қуллаи Путин гузошта шудани парчами Украинаро ҳафтаи гузашта ду кӯҳнаварди рус нашр карданд. Пас аз он мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон ба санҷидани хабар тавассути аксу сабтҳои видеоии кӯҳнавардон оғоз намуданд.

Ниҳоят, президенти Федератсияи кӯҳнавардони Қирғизистон Эдуард Қувватов хабар дод, ки дар қуллаи Путин ҳамакнун парчами кишвари онҳо гузошта шудааст.

Дар пасманзари ҷанги беасоси Русия дар хоки Украина хабари парчамгузорӣ дар қуллаи Путинро мунтақидони ҷанг хуш пазируфтанд.

Аз соли 2011 ба ин сӯ қуллаи беноме дар вилояти Чуйи Қирғизистон ба номи раҳбари Русия гузошта шудааст, ки шарики стратегии ин кишвар дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG