Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикону украиниҳо ва қазоқҳо бештар аз дигарон шаҳрвандии Русияро мегиранд


Дар 11 соли гузашта аҳолии Русия беш аз 2 миллион нафар бештар шудааст.

Бино ба ҳисобу китоби пешакии натиҷаҳои нуфусшумории аҳолии Русия, маълум шудааст, ки сокинони ин кишвар ҳоло беш аз 147 миллион нафар ҳастанд.

Дар 93 дарсади ҳолатҳо ин афзоишро нӯҳ ҷумҳурии Шӯравии собиқ, асосан украиниҳо, қазоқистониҳо ва тоҷикистониҳо таъмин кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, соли 2021 шумори рекордии шаҳрвандони Тоҷикистон, яъне беш аз 103 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро қабул карданд.

Тоҷикистону Русия созишномаи душаҳрвандӣ доранд. Бисёри онҳое, ки шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд, бо ҳадафи кору зиндагӣ ба онҷо мераванд.

XS
SM
MD
LG