Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ба мардум ҳақ додаанд, ки барои худ шароби бештар созанд


Ҳукумати Тоҷикистон лимит ё ҳаҷми шароб ва анвои дигари нӯшокиҳои спиртиро, ки сокинон метавонанд дар хонаҳояшон барои истеъмоли худ истеҳсол кунанд, бештар кард.

То кунун сокинон дар Тоҷикистон ҳақ доштанд, аз ҳамаи анвои мева соле то сӣ литр шароб тавлид кунанд.

Ҳоло ҳукумат бо судури қароре таҳти рақами 180 иҷоза дод, ки сокинон аз ангур – 30 литр, намудҳои дигари мева – 30 литр ва буттамева – 30 литр, дар умум 90 литр, машрубот ва нӯшокиҳои спиртӣ таҳия кунанд.

Мутобиқи ин қарор, сокинон аз пардохти андози аксизӣ озод ҳастанд. Ширкат ва ё шахсоне, ки барои фурӯш машрубот истеҳсол мекунанд, вазифадоранд, ба давлат андози аксизӣ диҳанд.

Бино бар пажӯҳиши Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, дар Тоҷикистон 91,3 дарсади сокинон гуфтаанд, дар умрашон боре ҳам шароб нанӯшидаанд. Танҳо 5 дарсад гуфтаанд, давоми сӣ рӯзи охир аз нӯшокиҳои спиртӣ истифода кардаанд.

Пажӯҳишгарони СҶТ менависанд, маъмулан таҳқиқи марбут ба истеъмоли шароб дар ҷаҳон натиҷаҳои аз воқеият камтарро нишон медиҳанд.

Зоҳиран бисёре аз сокинон шаробнӯшии худро пинҳон медоранд ва ба эътирофи пажӯҳишгарон ин омил дар Тоҷикистон бинобар "меъёрҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ" метавонад, хеле қавитар бошад. Ба ибораи дигар бисёриҳо шаробнӯшии худро пинҳон медоранд ва аз ин рӯ назарпурсӣ метавонад баёнгари воқеияти ҳол набошад.

Тоҷикистон соли 2017 шаробкашӣ ва майпазиро барои шаҳрвандон иҷоза дод.

XS
SM
MD
LG