Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бахтиёр Худойназаров ҳеч гоҳ пинҳон намекард, ки фарзанди Тоҷикистон аст" ВИДЕО, АКС


Бахтиёр Худойназаров ҳангоми ба наворгирии филми охиринаш "Бонуҳои майор Соколов"
Бахтиёр Худойназаров ҳангоми ба наворгирии филми охиринаш "Бонуҳои майор Соколов"
Агар умр вафо мекард, имрӯз яке аз коргардонҳои маъруфи синамои тоҷик Бахтиёр Худойназаров 57-сола мешуд. Муаллифи «Падари маҳтобӣ» пас аз бемории сангине дар 49-солагӣ дар шифохонаи «Шерите»-и Берлин даргузашт ва дар оромгоҳи Тегели маркази Олмон дафн карда шуд. Шаҳре, ки ду даҳсолаи ахир онҷо кору зиндагӣ мекард. Дар қабристони Тегел падари нависандаи рус Владимир Набоков ва коргардони маъруфи синамои Шӯравӣ Сергей Эйзенштейн низ хобидаанд.

Сунваз Арбуду, филмсоз ва дӯсти наздики Бахтиёр Худойназаров, дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ, ки аввали моҳи май дар Берлин сабт шудааст, дар бораи беморӣ ва лаҳзаҳои охири умри ӯ нақл кард.

Радиои Озодӣ: Мо ҳоло дар қабристони Тегели шаҳри Берлин ҳастем, ки макони охирати коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров шудааст. Чаро маҳз Берлин ҷойи охирини кору зиндагии ӯ шуд?

Сунваз Арбуду: Бахтиёр ба Берлин муҳаббат дошт. Ин шаҳр як рамзи демократияи кул ва озодӣ буд.

Радиои Озодӣ: Бахусус, барои касе, ки аз Шӯравии собиқ омадаву дигар девори Берлин ҳам вуҷуд надошт...

Сунваз Арбуду
Сунваз Арбуду

Сунваз Арбуду: Барои касе, ки ба қавле, “аз он ҷо” буд. Ӯ барои кору эҷод ва зиндагиаш илҳом мегирифт. Ғизояш ҳамин буд. Мегуфт, ки гардиши шабонгоҳӣ дар шаҳрро дӯст медошт, рафта пул (кӯпрук)-ҳоро тамошо мекард. Аҷиб буд, ки кӯпрукҳои оҳании 100-соларо дӯст медошт.

Радиои Озодӣ: Баъзе саҳнаҳои филми “Братан” ҳам ба ёд меоянд, ки қатору роҳи оҳани зиёд дошт...

Сунваз Арбуду: Бале, бисёр дӯст медошт.

Радиои Озодӣ: Чунки худаш ҳам марди роҳ буд...

Сунваз Арбуду: Бале, ӯ ҳамеша дар ҳаракат буд.

На Душанбе на Маскав, "ӯ Берлинро интихоб кард"

Радиои Озодӣ: Рӯзҳои охири умраш чӣ хел гузашт?

Сунваз Арбуду: Ҳеч кас аз беморӣ эмин нест. Бемории сахту мудҳиш ӯро дар 49-солагӣ бурд. Ин бемории табобатнашаванда буд, гӯем ҳам, мешавад. Мардонавор пушти сар мекард.

Радиои Озодӣ: Бемориашро медонист?

Сунваз Арбуду: Медонист, вале ҳеч гоҳ нишон намедод, ки азоб мекашад. Рӯҳаш қавӣ буд. То лаҳзаи охирини умраш рӯҳаш қавӣ буд. Дар беморхонаи “Шерите” бистарӣ карданд. Нақши ҳунарпешаи маъруф Чулпан Ҳаматова хеле муҳим буд, ки ӯро дар ин шифохона ҷой карданд.

Радиои Озодӣ: Ҳаматова дар “Падари маҳтобӣ” нақши асосиро бозӣ карда буд.

Берлин. Қабри Бахтиёр Худойназаров
Берлин. Қабри Бахтиёр Худойназаров

Сунваз Арбуду: Бале, дар “Падари маҳтобӣ” бозид ва шояд ин беҳтарин нақшаш бошад. Ӯ ба шарофати шиносҳои хубаш мадад кард.

Радиои Озодӣ: Як созмони хайрия ҳам дорад.

Сунваз Арбуду: Бале, ба шарофати ин созмонаш ӯ ба Бахтиёр дар як утоқи тозаву озода шароити хубу роҳате фароҳам кард ва дӯстону наздикону модараш ҳам метавонистанд, ҳамеша дар наздаш бошанд. Ба бовари ман, ӯ аз марг наметарсид. Аз он ки барои ҳамеша ин дунёро тарк мекунад, ҳарос надошт, инро медидам. То охирин лаҳзаи умраш механдиду шӯхӣ мекард. Ба ӯ доруе медоданд, аз ин рӯ, дардро ҳис намекард. Бо ин вуҷуд, хеле хуб дарк мекард, ки рӯзҳояш башумор мондааст.

Радиои Озодӣ: Чӣ хел шуд, ки қарори дар Берлин гӯр карданаш қабул шуд – на дар Душанбе, на дар Маскав, ки он ҷо ҳам солҳои зиёде зиндагӣ кардааст?

Сунваз Арбуду: Мо, ки ҳис мекардем, базудӣ мегузарад, аз ӯ рӯйирост пурсидем: “Дар куҷо мехостӣ, ба хок супоремат?” Ба ӯ пешниҳод кардем, ки интихоб кунад: Берлин, Маскав ва ё Душанбе. Ӯ Берлинро интихоб кард.

Радиои Озодӣ: Чаро?

Сунваз Арбуду: Намедонам, нагуфт. Фақат гуфт, дар Берлин ба хок супоред.

Навори суҳбатро бо тарҷумаи тоҷикӣ бинед:

Дар фикри "Ҳалола" буд, вале...

Радиои Озодӣ: Солҳои охири пеш аз маргаш сари чиҳо кор мекард, кадом кораш нотамом монд?

Сунваз Арбуду: Баъди корҳои бисёр муҳимаш – “Братан”, “Қош ба қош” ва “Падари маҳтобӣ”...

Радиои Озодӣ: ...яъне корҳои ба истилоҳ тоҷикиаш...

Сунваз Арбуду: Бале, ин филмҳоро сегона гӯем ҳам, мешавад. Баъди ин чанд коре барои синамои русӣ анҷом дод. Вале дубора ба корҳое баргашт, ки ба эҷодиёту дилаш наздиктар буд.

Радиои Озодӣ: Кадом корҳо ва чаро онҳо муҳим буданд?

Сунваз Арбуду: Ба одами эҷодкор як илҳоме лозим аст. Манбаи илҳом аслу решаҳояш буд. Эҳтимол дар як марҳила дарк кард, ки аз аслаш канда шудааст.

Радиои Озодӣ: Манзуратон баъди наворгирии давраи “Падари маҳтобӣ” дар Русия аст?

Сунваз Арбуду: Бале.

Радиои Озодӣ: Ин филмҳои “Чашм ба роҳи баҳр”, “Танкер “Танго””, ки бо иштироки ситораҳои филми Русия бардошта шудаанд.

Лаҳзае аз суҳбати Хиромон Бақозода бо Сунваз Арбуду. Берлин, моҳи майи 2022
Лаҳзае аз суҳбати Хиромон Бақозода бо Сунваз Арбуду. Берлин, моҳи майи 2022

Сунваз Арбуду: Бале, “Танкер “Танго”, “Костюм” ё “Шик”, "Дугонаҳои майор Соколов"… Дар филми «Чашм ба роҳи баҳр» ӯ аллакай ба мавзӯи Осиёи Миёна баргашт. Ин филм дар бораи фоҷеаи экологии баҳри Арал қисса мекард. Ин мавзуъ ба дилаш аз он ҷиҳат наздик буд, ки худи ӯ дар он муҳит бузург шуда буд. Як идеяи дигаре ҳам дошт, ки дар ҳоли пухта расидан буд. Ин филми «Ҳалола» буд. Вақте…

Радиои Озодӣ: ...ҳамсарон аз ҳам ҷудо мешаванду барои дубора ба ҳам омадан зан бояд ба марди дигаре бирасад. Ин мазҳака буд?

Сунваз Арбуду: Фоҷеа ва мазҳака. Чӣ гуна ин филмро бардоштан мехосту паёмаш чӣ буд, намегуфт. Вале аз ман хост, ки як мазмуни кӯтоҳашро нависам ва ман ҳам ин корро кардам. Баъд онро ба як сенария табдил додем. Дар Берлин Бахтиёр продюсере ёфт, ки ба он таваҷҷӯҳ зоҳир кард.

Радиои Озодӣ: Филмро дар Тоҷикистон гирифтан мехост?

Сунваз Арбуду: Бале, ҳуқуқи муаллифиро ба даст оварда буд. Аллакай барои ташкили наворгирии филм дар Осиёи Миёна омода мешуд, аммо маблағ нарасид.

"Як кӯрпача дошт"

Радиои Озодӣ: Ёдатон ҳаст, ки охирин ҳарфҳои пеш аз маргаш чӣ буд?

Сунваз Арбуду: Охирин гапашро ба модараш гуфт. Ӯ гуфт: “Модар, ин охири кор аст”.

Радиои Озодӣ: Сунваз, барои Бахтиёр Душанбеву Тоҷикистон чӣ маъно доштанд? Ватанашро ёд мекард? Шояд мехост баргардад?

Сунваз Арбуду: Дар бораи бозгашт чизе намегуфт. Тоҷикистон – ватанашро бегуфтугӯ дӯст медошт. Ҳеч гоҳ рад намекард, ки фарзанди Тоҷикистон аст.

Радиои Озодӣ: Вале, розӣ шавед, ҳолатҳое буданд, ки ӯ намехост, ӯро чун коргардон аз Тоҷикистон муаррифӣ кунанд? Худаш гуфтааст, “як инсони Шӯравӣ аст ва ба ҳеч сарзамине мансуб нест”.

Сунваз Арбуду: Бале. Ба ёди ман меояд, ки ӯ як магнитофон ва сурудҳои аз пеш сабтшуда дошт. Чанд кассета ё диск дошт, ҳоло дуруст дар ёдам нест, вале он ҷо сурудҳои тоҷикӣ сабт шуда буданд. Аз таҳи дил ин сурудҳоро гӯш мекард. Ҳамовозӣ мекард ё не, ёд надорам, вале гӯш мекард. Ин ҳам маъноҳои зиёде дорад. Баъд дар рӯи каташ як кӯрпача дошт.

Радиои Озодӣ: Кӯрпачаи тоҷикӣ?

Сунваз Арбуду: Бале, пурнақшу нигору хеле зебо буд. Ҳамеша дар рӯи каташ буд.

Навори суҳбатро бо забони русӣ бинед:

Тақлид, вижагӣ ва зан

Радиои Озодӣ: Филмҳои ӯро бо корҳои Эмир Кустуритса ё Сергей Параҷанов монанд мекунанд. Худаш чӣ мегуфт?

Сунваз Арбуду: Дӯст намедошт, ки ӯро бо Эмир Кустуритса муқоиса кунанд.

Радиои Озодӣ: Ҷолиб аст, чаро? Охир шеваи кори Кустуритса дар филмҳои ӯ эҳсос мешавад?

Сунваз Арбуду: Ҳамеша “не” мегуфт. Бовар дошт, ки “ҳеч гоҳ ба Кустуритса тақлид накардаам”. Бо худи Кустуритса дӯсти хубе буданд, вале тақлидашро рад мекард. Филмшиносони мо, як дӯсти мунаққиди филм, ки ҳамроҳаш дар ВГИК таҳсил кардааст, мегуфт, эҷодиёти Федерико Феллини ба Бахтиёр таъсири зиёд гузоштааст.

Радиои Озодӣ: Сунваз, вижагии истеъдод ва эҷодиёти Бахтиёрро дар чӣ мебинед?

Сунваз Арбуду: Ҷавоби ин суол хеле содда аст. Бахтиёр аз қабили эҷодкороне буд, ки онҳоро наққош мегӯянд, чун ҷаҳони худро тасвир мекард. Бахтиёр ҳам дар кино як дунёи худро сохта тавонист. Як сайёраи хурде бунёд кард. Забони хосе дошт, чунки қаҳрамонҳои олами тахайюлӣ бо як забони хоси худ гап мезананд. Ӯ забони кинематографии худро сохта тавонист. Ӯ тавонист, кинои худро ҳамагонӣ кунад.

Радиои Озодӣ: Нақши зан дар филмҳои ӯ ҳамеша муҳим будааст, вале дар ҳаёти шахсии ӯ занон чӣ нақше доштанд?

Сунваз Арбуду: Ин ҷо ҳам ҳеч сирре нест. Бахтиёр дили бузург дошту инсони дилкаш буд. Ҳар ҷое, ки мерафт, базм барпо мешуд. Дар як ҷои холӣ муҳите барпо мекард, ки пур аз шодиву хурсандӣ буд.

Радиои Озодӣ: Вале оилаву фарзанд надошт. Магар хонуме набуд, ки тамоми пасту баландиҳои зиндагиро бо ӯ пуштисар кунад? Чаро чунин нашуд?

Сунваз Арбуду: Мушкил аст. Шояд ӯ мисли бисёр шахсони фавқулода хислату табиати соддаву сабуке надошт. Бо ин ки метавонист дар як ҷои холӣ базму шодӣ барпо кунад ва зиндадил буд, бо занҳо муносибаташ чандон ҳамвор набуд.

Радиои Озодӣ: Яъне дар сараш фикри оиладоршавию тарбияи фарзанд набуд?

Сунваз Арбуду: Шояд тарс дошт, ки зиндагиаш берангу маишӣ мешавад.

Радиои Озодӣ: Яъне, кино барояш муҳимтар аз ҳар чизи дигар буд?

Сунваз Арбуду: Бале, шояд фикр мекард, ки оиладорӣ ӯро аз эҷод дур мекунад.

XS
SM
MD
LG