Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистону Қирғизистону Чин як роҳи оҳани муштарак месозанд


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзоев, раиси ҷумҳури Узбекистон гуфт, кишвараш қасд дорад, ҳамроҳ бо Қирғизистону Чин як роҳи нави оҳан бисозанд, ки ҳарсеро ба ҳам васл мекунад.

Зимни суханронӣ дар форуми онлайнии иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё дар рӯзи 27-уми май Шавкат Мирзиёев гуфт, роҳи оҳан “имконоти нави нақлиётӣ барои васл кардани минтақаи мо бо бозорҳои Уқёнуси Ором фароҳам мекунад.”

Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё аз Русия, Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Арманистон ташкил ёфтааст ва онро имсол Қирғизистон раҳбарӣ мекунад. Оқилбек Ҷабборов, нахуствазири Қирғизистон ҳафтаи гузашта гуфт, ки сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳамин тирамоҳ оғоз меёбад ва “бузургтарин тарҳ дар таърихи Қирғизистон хоҳад буд.”

Ду Девен, сафири Чин дар Қирғизистон пештар гуфта буд, ки тарҳи роҳи оҳан дар мулоқоти Ши Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ва Содир Ҷабборов дар моҳи феврал баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG