Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон танаффус эълон шуд


Даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 22-юми май бо бозӣ миёни дастаҳои “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб ба поён расид.

Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳарду гол дар охири бозӣ зада шуд. Ба голи бозигари мизбонон Боҳирҷон Сангинбоев (дақиқаи 80-ум) баъди панҷ дақиқа Муҳсин Абдуғаффоров, ҳамлагари «Равшан», посух дод.

Ёдовар мешавем, чаҳор бозии даври ҳаштум рӯзи 18-уми май баргузор шуда буд. Пешсафи ҷадвали мусобиқа “Хатлон”-и Бохтар - дар майдони худ “Равшан”-и Зафарободро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 57-ум ба бохтариҳо се имтиёз овард. «Хатлон» аз ҳама бештар дар панҷ бозӣ пирӯз шудааст.

“Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Голҳои “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Шервонӣ Мабатшоев заданд. Голи меҳмонон ба Фатҳулло Фатҳуллоев марбут аст. Зимнан, ин аввалин пирӯзии «Истиқлол» дар мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ба шумор меравад.

“Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бар тими меҳмон - “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Голи ягонаро Фирдавс Чақалов ба самар расонид.

Бозӣ миёни дастаҳои “Файзканд”-и Восеъ ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳар чор гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Голҳои мизбононро Доробҷон Эргашев ва Амирҷон Сафаров ва голҳои меҳмононро Хуршед Абдуллоев ва Наврӯз Рустамов заданд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон «Хатлон» бо 18 имтиёз мисли пешин мақоми аввалро касб кардааст. КМВА бо 13 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад. «Равшан»-и Кӯлоб бо 12 имтиёз мақоми севумро касб кардааст. Зимнан, то ҳоло танҳо ду даста – «Хатлон» ва «Истиқлол» - ягон бозиро набохтаанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бинобар омодагӣ ва иштироки тими миллии кишвар дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Бишкеки Қирғизистон (8-14 июн) ва мунтахаби олимпӣ (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Узбекистон (1-19 июн) танаффус эълон шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 8-ум

18-уми май (чоршанбе)

«Хуҷанд» «Истаравшан» - 1:0

«Хатлон» – «Равшан» (Зафаробод) – 1:0

«Файзканд» – КМВА – 2:2

«Истиқлол» «Регар-ТадАЗ» - 3:1

22-юми май (якшанбе)

«Эсхата» - «Равшан» (Кӯлоб) – 1:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

8

5

3

0

10-4

18

2

КМВА (Душанбе)

7

4

1

2

11-10

13

3

«Равшан» (Кӯлоб)

7

3

3

1

7-6

12

4

«Файзканд» (Восеъ)

7

3

2

2

10-11

11

5

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

8

2

4

2

6-4

10

6

«Эсхата» (Хуҷанд)

7

2

2

3

12-13

8

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

8

2

1

5

8-11

7

8

«Равшан» (Зафаробод)

8

1

3

4

8-15

6

9

«Истиқлол» (Душанбе)

3

1

2

0

5-3

5

10

“Истаравшан” (Истаравшан)

7

1

1

5

7-7

4

XS
SM
MD
LG