Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби олимпии Узбекистон ва Тоҷикистон дар Бекобод доир мегардад


Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими олимпии Узбекистон (U-23) бозии дӯстона анҷом медиҳад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Узбекистон ва Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 25-уми май, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Бекобод баргузор мешавад.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), ки 20-уми май дар Маркази таълимии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Аслиддин Ҳабибуллоев шуруъ шуд, 23 бозигар 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - даъват шудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Имороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) рақобат хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);

Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Турон», Узбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

И.в. сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG