Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мишел гуфт, базудӣ ҷаласаи комиссиюни аломатгузории марзи Озарбойҷону Арманистон барпо мешавад


Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо рӯзи 22 май гуфт, базудӣ дар як маҳаллаи сарҳадӣ нахустин ҷаласаи комиссиюни муштарак оид ба аломатгузориву амнияти марзи миёни Арманистону Озарбойҷон баргузор мешавад. Шарл Мишел ин нуктаро баъди мулоқот бо нахуствазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Брюссел баён кард. Пеш аз мулоқоти сеҷониба оид ба таъмини сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ, Мишелу ҳар як раҳбари кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ бо ҳам ҷудогона сӯҳбате оростанд.

Мишел нагуфт, ки мулоқот дақиқан кай барпо мешавад. Арманистон тирамоҳи соли 2020 дар паи як ҷанге бо Озарбойҷон назорат бар минтақаи Қаробоғи Кӯҳиро аз даст дод. Русия, ки ба унвони миёнҷӣ дар оташбас иштирок кард, тахминан 2 ҳазор сарбозашро барои назорат аз вазъи амниятӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ ҷойгир кард. Қаробоғи Кӯҳӣ, ки давоми сӣ соли гузашта таҳти раҳбарии арманитаборҳо буд, дар сатҳи байналмилалӣ чун бахше аз Озарбойҷон эътироф мешавад.

Пашинян, ки ба таҳияи тарҳи сулҳ бо Озарбойҷон ва президент Алиев розӣ шудааст, дар ватанаш мавриди интиқодҳои зиёд қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG