Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аввал санҷиш, баъд намоиш". Вазорат гуфт, чаро монеи "Манқурт" дар Душанбе шуд


Барзу Абдураззоқов бо ҳунарпешаҳои ҷавон дар Душанбе. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз муаллифони намоиши "Манқурт. Реквием" хостаанд, пеш аз ба саҳна гузоштан, онро аз назари шӯрои бадеӣ гузаронанд. Тартибе, ки ба гуфтаи онҳо барои тамоми намоишномаҳо рабт мегирад. Намоиши "Манқурт. Реквием" аз рӯйи асари "Дуроҳаи бӯронӣ"-и Чингиз Айтматов ва дар коргардонии Барзу Абдураззоқов бояд шоми 20-уми майи имсол дар театри "Падида"-и Душанбе рӯйи саҳна меомад, вале боздошта шуд.

Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 20-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, вазорат аз ин намоиш хабар надошт ва масъулонаш низ бо онҳо машварат накарда буданд.

Ба қавли Назариён, сабаби боздошта шудани намоиш, "танҳо иҷрои муқаррарот аст". "Ман ҳатто бо Барзу Абдураззоқов суҳбат кардам. Гуфтам, шурои бадеӣ дорем, аз мутахассисон иборат аст. Оё онро намоиш дода метавонед? Инҳо раванду баъд аз тамошо хулосаашонро бигӯянд. Майлаш гуфтанд, намоиш диҳед," -- афзуд ӯ.

Коргардони намоиш Барзу Абдураззоқов гуфт, дар ин бора дертар муфассал суҳбат хоҳад кард. Ӯ шаби 19-уми май дар саҳифааш дар Фейсбук аз боздошта шудани намоишнома хабар дод ва навишт, "сабабҳоро намедонам, дурусттараш, медонам. Ҳамааш равшан аст" ва афзуд, "зиёд хушбин нест".

Ҳоло маълум нест, онҳо то куҷо ба хости мақомот дар бораи "санҷиш"-и намоишнома розӣ мешаванд. Ввале Шоираи Муҳаммад, як масъули театр, гуфт, барои таҳияи намоиш ҳамаи таҷҳизотро ба иҷора гирифта буданд ва пас аз хабари боздоштани намоиш онҳоро ба соҳибонашон баргардониданд.

Шоираи Муҳаммад афзуд: "Барои дубора оро додани саҳна вақт лозим аст, то ҳама чиз барқарор шавад. Бачаҳо низ бояд тамрин кунанд". Қарор буд, вобаста ба маҳдуд будани макони баргузории намоиш, дар навбати аввал ҳудуди 50 нафар онро бибинанд.

Намоиши "Манқурт. Реквием"-ро ба роҳбарии Барзу Абдураззоқов як гуруҳ ҷавонон таҳия кардаанд. Ин гуруҳи ҷавонон қаблан театри хиёбониро бо номи “Нигоҳи нав” таъсис дода буданд, ки то ҳол расман сабтином нашудааст.

Қарор буд, намоишнома дар театри "Падида" пешкаши тамошобин шавад. Ин театр хусусӣ буда, ба Шарофат Рашидова тааллуқ дорад.

Ин намоиши нахустини Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, дар чанд соли охир дар Душанбе аст. Мақомот соли 2009 низ нагузошта буданд, намоиши “Девонагӣ. Соли 93”, ки ӯ дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, идома ёбад.

Бархе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз боздошта шудани намоиш нигаронӣ карда, навиштанд, ин ба муҳтавои асару шахсияти Барзу Абдураззоқов рабт мегирад. Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, "мо ба шахсияте касе кор надорем."

Барзу Абдураззоқов муддатҳо боз дар Қирғизистону Қазоқистон ва Узбекистон кор мекунад. Ӯ соли 2013 аввал ба Бишкек рафт ва ду сол пайиҳам коргардони беҳтарини Қирғизистон эътироф шуд.

Соли 2016 дар ҷашвораи байнулмилалии театрҳои ИДМ ва Балтия дар Санкт-Петербурги Русия Қирғизистону Қазоқистонро ду намоишнома аз ҷумла “Достони манқурт”-и коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов намояндагӣ кард.

Барзу Абдураззоқов фарзанди ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва ҳунарпешаву коргардони маъруфи театр Фотима Ғуломова аст. Нигоҳи танқидии ӯ ба вазъи иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба мақомоти ин кишвар хуш намеояд ва сабаби нодида гирифтани ҳунару зарфиятҳояш, даъват нашуданаш ба маъракаҳи фарҳангии Тоҷикистон гаштааст.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG