Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Марказии таълимии шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор мекунад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ба ин ҷамъомад, ки аз 20-ум то 28-уми май доир мегардад, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Аслиддин Ҳабибуллоев 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст.
Пеш аз марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Рақибони футболбозони тоҷик дертар муайян хоҳанд шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Имороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) рақобат хоҳад кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);
Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Турон», Узбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
И.в. сармураббӣ – Аслиддин Ҳабибуллоев.
Меҳани хунин кафанам
Бояд як заруратеро омӯхт, ки мо аз онҳо то ҳол чи дидему чи хоҳем дид?
Ман хамеша дар фикр будам ки чаро Точикон кадимитарин нажоди осиëи миëна хамтанду теъдодашон аз хама кам. Имруз ман бисëр хушхол хастам ки шумори мо ба 10 млн мерасад ва аз Худо дуо дорам ки дар 10 соли дигар чамияти мо ба 50 млн расад. Чамияти бисëр пешрафту бехбудии бисëр. Чун ки конуни табиат хамин. Мисоли рушан Хитой мебошад
Тоҷикистон- ин фабрикаи чуҷабарорӣ мебошад, ки то 60 фоизи ин чуҷаҳо ба стандарт ҷавобгӯй нестанд.
Дуруг гуфтан хам камтар акл талаб мекунад.