Ситоди мураббиёни тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаро дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 19-уми май то 3-юми июн дар Дубай дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад, эълон кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай 26 бозигар, ки сездаҳ нафарашон легионеранд ва дар бошгоҳҳои футболи Бангладеш, Беларус, Булғористон, Қазоқистон, Туркия, Узбекистон, Филиппин, Ҳиндустон ва Эрон бозӣ мекунанд, сафарбар шудаанд.
Ба ҷамъомад 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардаанд. Ба дархости ниҳоии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 ҳамагӣ 23 бозигар дохил мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон субҳи 19-уми май, ба Дубай парвоз кард.
Зимнан, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Мянмар (8-уми июн), Сингапур (11-уми июн) ва Қирғизистон (14-уми июн) бозӣ мекунад.
«Мунтахаби Тоҷикистон аллакай дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо дастаҳои Қирғизистон ва Мянмар бозӣ кардааст. Аз ин рӯ, дар гурӯҳи мо ҳарифони шинос ҷамъ шудаанд. Бозиҳои интихобӣ барои ҳеҷ як аз дастаҳо осон нахоҳад буд. Мо бояд ҳама рақибонро эҳтиром кунем ва ба бозиҳои интихобии моҳи июн хуб омода шавем. Ман ба дастаамон бовар дорам. Барои мо вазифа як аст - ба мусобиқаи интихобӣ омодагии хуб гирифта, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 соҳиби роҳхат шудан. Мутмаинам, ки бори аввал дар таърихи футболи тоҷик мо метавонем ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирем», - гуфт Петр Сегрт, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон.
Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F» дар шакли мутамарказ дар шаҳри Бишкек баргузор мешаванд. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дуюм қарор мегиранд, роҳ меёбанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов (СК «Пеликан», Туркия);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («Черчилл Бразерс», Ҳиндустон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Одамоне, ки ман шахсан мешинохтаму дар Душанбе баъди ворид шудани фронти точиккуш нобуд наштанд, дар ин руйхататон нестанд. Ин маънои он дарад, ки теъдоди курбониён ба маротиб зиёд
Офарин брат Фируз. Лекин шумо ғуломи Эмомали Раҳмон нашавед
Офарин Хиромон
Бо хамин ном Юсупов Чалолиддин аз нохияи Ёвон чамоати Озоди дехаи Навобод дар даврахои чанг гумшудааст то холо маълум нест ки уро куштаанд ё зиндааст
Бовари дорам бобои Фируз дар хаму германия буданатон низ хизмати кам накардаи ба миллати точик. Як муарифии кардаи шумо милати точикро дар хоричи кишвар ин басанда аст.