Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии панҷуми "Хатлон" ва аввалин ғалабаи "Истиқлол" дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022


Рӯзи 18-уми май чаҳор бозии даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Пешсафи ҷадвали мусобиқа – “Хатлон”-и Бохтар - дар майдони худ “Равшан”-и Зафарободро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 57-ум ба бохтариҳо се имтиёз овард. «Хатлон» аз ҳама бештар – дар 5 бозӣ пирӯз шудааст.

“Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Голҳои “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Шервонӣ Мабатшоев заданд. Голи меҳмонон ба Фатҳулло Фатҳуллоев марбут аст. Зимнан, ин аввалин пирӯзии «Истиқлол» дар мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ба шумор меравад.

“Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бар тими меҳмон - “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Голи ягонаро Фирдавс Чақалов ба самар расонид.

Бозӣ миёни дастаҳои “Файзканд”-и Восеъ ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳар чор гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Голҳои мизбононро Доробҷон Эргашев ва Амирҷон Сафаров ва голҳои меҳмононро Хуршед Абдуллоев ва Наврӯз Рустамов заданд.

Бозии охирини даври ҳаштуми мусобиқа рӯзи якшанбеи 22-юми май миёни дастаҳои “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон «Хатлон» бо 18 имтиёз мисли пешин мақоми аввалро касб кардааст. КМВА бо 13 имтиёз дар ҷои дувум қарор дорад. «Равшан»-и Кӯлоб бо 11 имтиёз ҷои севумро соҳиб шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 8-ум

18-уми май (чоршанбе)

«Хуҷанд» – «Истаравшан» - 1:0

«Хатлон» – «Равшан» (Зафаробод) – 1:0

«Файзканд» – КМВА – 2:2

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» - 3:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

8

5

3

0

10-4

18

2

КМВА (Душанбе)

7

4

1

2

11-10

13

3

«Равшан» (Кӯлоб)

6

3

2

1

6-5

11

4

«Файзканд» (Восеъ)

7

3

2

2

10-11

11

5

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

8

2

4

2

6-4

10

6

«Эсхата» (Хуҷанд)

6

2

1

3

11-12

7

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

8

2

1

5

8-11

7

8

«Равшан» (Зафаробод)

8

1

3

4

8-15

6

9

«Истиқлол» (Душанбе)

3

1

2

0

5-3

5

10

“Истаравшан” (Истаравшан)

7

1

1

5

7-7

4

22-юми май (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

«Эсхата» – «Равшан» (Кӯлоб)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG