Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) рӯзи 18-уми май дар бозии севумаш дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни наврасони то 16-сола, ки дар шаҳри ушанбе ҷараён дорад, аз тими Узбекистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Дар бозии дигари даври чаҳоруми қаҳрамонии CAFA-2022 мунтахаби Эрон тими Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа тимҳои Узбекистон ва Эрон бо ҳафтимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. Мунтахаби Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз мақоми сеюмро касб кардааст. Тими Афғонистон бо ду имтиёз дар зинаи чаҳорум ва дастаи Қирғизистон бо як имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд.
Футболбозони навраси тоҷик бозии охиринашонро 20-уми май бо тими Эрон баргузор мекунанд. Пеш аз ин бозӣ мунтахаби Қирғизистон бо тими Узбекистон рақобат мекунад.
Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ҳамагӣ даҳ бозӣ баргузор мешавад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзи 20-уми май ба анҷом мерасанд.
Тибқи дастури мусобиқа, қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба дастоварда муайян мегардад.
Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола
Даври 1-ум
13-уми май (ҷумъа)
Узбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1
Даври 2-юм
14-уми май (шанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон – 0:2
Голҳо: Масрур Ғафуров, 53 – аз пеналти (0:1). Шеравган Саидов, 70 (0:2).
Афғонистон – Узбекистон – 0:6
Даври 3-юм
Эрон – Қирғизистон – 2:0
Тоҷикистон – Афғонистон – 0:0
Даври 4-ум
18-уми май (чоршанбе)
Эрон – Афғонистон – 1:0
Узбекистон – Тоҷикистон – 2:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
Узбекистон |
3 |
2 |
1 |
0 |
10-2 |
7 |
2 |
Эрон |
3 |
2 |
1 |
0 |
5-2 |
7 |
3 |
Тоҷикистон |
3 |
1 |
1 |
1 |
2-2 |
4 |
4 |
Афғонистон |
4 |
0 |
2 |
2 |
1-8 |
2 |
5 |
Қирғизистон |
3 |
0 |
1 |
2 |
1-5 |
1 |
Даври 5-ум
20-уми май (ҷумъа)
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон
21:00 – Тоҷикистон – Эрон
Ба мухочир Охи бародар ть ки мехнат карда ба дастои хдт пул кор куни ба русия матушка наё хаму ватанда кор кн мефахми
Доираи кадрҳое, ки ворис шуда метавонанд ва донишу қобилияти қавии роҳбари доранд, дар дастаи Президент ҳастанд, вале онҳо хеш ё ақрабои ӯ нестанд. Барои Тоҷикистон усули хешу табории интиқоли кудрат ояндабахш нест.
хуш наомади путини Zомбир
Файзалӣ Саидов, то ҷое шунидем, бештар ба як қавми узбак хидмат мекард. Ҳадафҳои қавмӣ дошт. Ҷанги дохилии Тоҷикистон бештар ҷанги тоҷиккушӣ буд. Бештар тоҷик кушта шуд.
Мақсади сафари Путин аз Тоҷикистон аз 3 масъала иборат аст Якум, истифодаи Тоҷикистон дар убури станксияҳои мамлакатҳои дунё нисбати Россия . Дуввум, ошти додани Раҳмонов бо Толибон ва кафолати сарҳадҳои ҷанубиашро эмин доштани Россия аз ҳар гуна хатарҳо. Россия Тоҷикистонро ҳамчун як губернияи худ меҳисобад. Масъалаи севвум, ин иҷоза додан ба таъин намудани Ворис ба мақоми президентӣ дар тирамоҳи соли ҷорӣ мебошад.