Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардовари бозии "Регар-ТадАЗ" - "Хатлон" муҷозот шуд


Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як ҷаласае, ки 17-уми май баргузор шуд, Хуршед Дадобоев, сардовари бозии даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои “Регар -ТадАЗ” (Турсунзода) – “Хатлон” (Бохтар)-ро муҷозот кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) шикояти бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-ро пас аз бозӣ бо “Хатлон”, ки рӯзи 15-уми май дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода доир гардид ва бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт, баррасӣ кард.

Кумитаи доварони ФФТ пас аз баррасии сабти видеоии бозӣ тасмим гирифт, ки пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи «Регар-ТадАЗ» дар дақиқаи 90+1-уми бозӣ хато таъйин шудааст, ки дар ниҳоят ба натиҷаи бозӣ таъсир расонд.

Бар асоси ин, кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки Хуршед Дадобоевро, ки аз шаҳри Хуҷанд аст, барои риоя накардани Кодекси интизоми довар аз ҳаққи хидмат дар бозиҳои лигаҳои олӣ ва якум, ҳамчунин мусобиқоти ҷавонони Тоҷикистон барои се давр барканор намояд.

Барои он ки бархе аз мухлисон дар бозӣ муқобили “Хатлон” ба майдон ашёи бегона партофтанд, варзишгоҳи хонагии бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» - «ТАЛКО-Арена» аз ҳаққи доир кардани як бозӣ маҳрум гардид. Чунин тасмим дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 17-уми май доир гардид, гирифта шуд.

Тибқи тақвим, «Регар-ТадАЗ» бояд бозии навбатии хонагии худро дар варзишгоҳи бетараф, ки ба меъёрҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои лигаи олӣ ҷавобгӯ бошад, баргузор кунад. Дастаи «Регар-ТадАЗ» ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима шуд.

Илова бар ин, барои ба майдон барои муқовимат бо масъулини ин бозӣ баромадан бошгоҳи «Регар-ТадАЗ» ба маблағи 1000 сомонӣ муҷозот шуд.

Ҳамчунин кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон барои риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб (ба майдон партофтани ашёҳои бегона ва ба майдон ворид шудани мухлисон) дар бозии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» (Кӯлоб) – «Истаравшан» (Истаравшан) рӯзи 15-уми май, бошгоҳи «Равшан»-ро ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баст.

XS
SM
MD
LG