Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии футболбозони навраси Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе бидуни гол хотима ёфт


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) рӯзи 16-уми май бозии дувумашро дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни наврасони то 16-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо тими Афғонистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Дар бозии дигари даври сеюми қаҳрамонии CAFA-2022 мунтахаби Эрон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа тимҳои Узбекистон, Эрон ва Тоҷикистон бо 4-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои аз якум то сеюм қарор доранд. Мунтахаби Афғонистон бо ду имтиёз дар зинаи чаҳорум ва дастаи Қирғизистон бо як имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд.

Футболбозони навраси тоҷик бозии навбатиашонро 18-уми май бо тими Узбекистон баргузор мекунанд. Пеш аз ин бозӣ мунтахаби Эрон бо тими Афғонистон рақобат мекунад.

Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ҳамагӣ даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 20-уми май идома хоҳанд кард.

Тибқи дастури мусобиқа, қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба дастоварда муайян карда мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола

Даври 1-ум

13-уми май (ҷумъа)

Узбекистон – Эрон – 2:2

Афғонистон Қирғизистон 1:1

Даври 2-юм

14-уми май (шанбе)

Қирғизистон Тоҷикистон 0:2

Голҳо: Масрур Ғафуров, 53 – аз пеналти (0:1). Шеравган Саидов, 70 (0:2).

Афғонистон – Узбекистон – 0:6

Даври 3-юм

16-уми май (душанбе)

Эрон – Қирғизистон – 2:0

Тоҷикистон – Афғонистон – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Узбекистон

2

1

1

0

8-2

4

2

Эрон

2

1

1

0

4-2

4

3

Тоҷикистон

2

1

1

0

2-0

4

4

Афғонистон

3

0

2

1

1-7

2

5

Қирғизистон

3

0

1

2

1-5

1

Даври 4-ум

18-уми май (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

20-уми май (ҷумъа)

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

21:00 Тоҷикистон – Эрон

XS
SM
MD
LG