Мақомоти Украина гуфтанд, ки нерӯҳои русиро дар минтақаи Харков то марз ақиб ронданд ва ин нишонаи муваффақияти афзояндаи нерӯҳои украинӣ дар шимол-шарқи ин кишвар аст. Харков дувумин шаҳри калони Украина ба шумор меравад.
Владимир Зеленксий, раисҷумҳури Украина, шаби 15-уми май дар паёми худ гуфт, кишвараш барои ҳамлаи нави Русия дар Донбасс омода мешавад.
Вай афзуд, "ишғолгарон то ҳанӯз намехоҳанд бипазиранд, ки ба бунбаст расидаанд". Ба гуфтаи Зеленский, ончӣ Русия "амалиёти вижа" мехонад, бо шикаст рӯбарӯ шудааст.
Мушовири президенти Украина Алексей Арестович гуфт, нерӯҳои русӣ пас аз хуруҷ аз Харков роҳашонро ба тарафи Донбасс тағйир додаанд. Ба гуфтаи ӯ, Русия дар пайи ҳамлаи нерӯҳои украинӣ маҷбур шуданд, роҳи худро дигар кунанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ғарб гуфтаанд, ҳамлаи бедалали Русия бо муқовимати сахт дар Украина рӯбарӯ шудааст ва акнун сарбозони русӣ бо камбуди шадиди таҷҳизот рӯбарӯ шудаанд.
Дабири кулли НАТО рӯзи якшанбе дар нишасте дар Берлин гуфт, ҷанг дар Украина бар асоси ончи, ки Русия тарҳрезӣ карда буд, пеш намеравад.
Вай афзуд, Украина метавонад дар ин ҷанг баранда шавад. Ҳамзамон аз муттаҳидони Украина хост, ба ҳимояти низомӣ аз Украина идома диҳанд.
Рӯзи 16-уми май вазирони корҳои хориҷии 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел ҷамъ меоянд, то вазъи Украина ва масъалаи таҳримҳоро зидди Русия баррасӣ кунанд. Дар ин нишаст вазири корҳои хориҷии Украина Дмитро Кулеба ҳам иштирок мекунад.