Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии бародарон аз Тоҷикистон дар мусобиқае дар Маскав


Пирӯзии ду наврас аз Тоҷикистон дар мусобиқае дар Маскав
Пирӯзии ду наврас аз Тоҷикистон дар мусобиқае дар Маскав

Ду бародари наврас аз Тоҷикистон дар мусобиқаи "Eurasia 2022 Jiu-Jitsu Gi+No-Gi" дар Маскав медали тилло ба даст овардаанд.

Ин мусобиқа дар навъи варзиши ҷиу-ҷитсу бо ширкати даҳҳо варзишгар аз кишварҳои осиёӣ рӯзи 15-уми май баргузор шуд.

Бародарон, Муниси 10-сола дар вазни 27-30 кило ва Абубакри 9-сола дар вазни 24-27 кило ба рақибони худ пирӯз шуданд.

Аваз Каримов, падари ин ду наврас, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа Мунис 60-умин медали тилои худ ва Абубакр 47-умин медали тилои худро ба даст оварданд.

Ба гуфтаи падар, писаронаш то кунун дар ягон мусобиқа шикаст нахӯрдаанд.

Хонаводаи ин ду варзишгари наврас солҳост, дар Русия зиндагӣ мекунанд, аммо дар ҳама мусобиқаҳо бо парчами Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Ин ду наврас дар назди Расул Боқиев, варзишгари шинохтаи тоҷик тамрин мекунанд.

XS
SM
MD
LG