Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон ҳама чизро аз Худо мебинанд, ё на? ВИДЕО

Гапи озод

Тақдиргароӣ ё қазову қадар дар ислом андоза дорад? Марзи ин андоза аз куҷо то куҷост?

“Барги дарахт бе амри Худо намеҷунбад”, “Ҳарчӣ дар тақдир бошад, ҳамонро хоҳӣ дид” ва масалҳои дигар, ки бархе онҳоро ҳикмат ва бархе васила барои пинҳон кардани беҳунариву камталошӣ медонанд.

Дар барномаи “Гапи озод” баҳс шуд, ки решаи ин мушкил аз куҷост; тафсиру шарҳҳои ноҷои бархе рӯҳониён ё каҷфаҳмиву баҳонаҷӯии сокинон?

Шерзод Абдуллозода, муҳаққиқи Шӯъбаи масоили фалсафаи дини Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Исломиддин Саидов, руҳонии муқими Олмон, меҳмони барномаи мо буданд.

Шерзод Абдуллозода: “Тақдиргароӣ ё қазову қадар танҳо марбут ба дини ислом нест, дар динҳои дигар ҳам ҳаст. Агар ба динҳои иброҳимӣ назар андозем, дар дини насронӣ ва дар дини яҳудӣ ҳам ҳаст. Баҳсҳои зиёде дар ин ду дин ҳаст, вале дар дини ислом ин яке аз баҳсҳои асосии каломӣ ва илоҳиётӣ ҳаст, ки аз оғози ислом ҷой дорад. Оғози онро аз даврони “ҷабария” ва “қадария” медонанд. “Ҷабария”-ҳо ҳар амале, ки инсон анҷом медиҳад ва дар ҳоли анҷом додан аст, тавассути худованд медонанд. “Қадария”-ҳо мухолифи “Ҷабария”-ҳо мегӯянд, инсон озодӣ дошта бошад, ихтиёр дошта бошад. Онҳо мегӯянд, агар инсон ирода надорад, амал надорад, пас адли илоҳӣ чӣ мешавад? Дар ин миён “Ашъария”-ҳо зоҳир шуданд ва гуфтанд, ки инсон чанд тақдир дорад ва боястӣ худаш онро интихоб кунад ва аз як сарнавишт ба сарнавишти дигар убур кунад. Ва диншиносон назарияи “Ашаъария”-ро муътадил медонанд”.

Исломиддин Саидов: “Афзал медонам, ки бо такя ба Қуръон, ки сарчашмаи аслии дини ислом аст, шурӯъ кунам, ки дар робита ба тақдиру қазову қадар чӣ мегӯяд. Имон ба тақдир дар Қуръон ба сароҳат ва рӯшан баён шудааст. Дар Қуръон дар ҳар куҷое ки номи Худованд зикр мешавад, ҳатман амал кардан зикр карда мешавад. Яъне, шумо дар ин дунё пайрави қавонини ин дунё бошед ва фармудаи шариат бошед. Яъне, имон ба тақдир, бармегардад ба сифоти Худованд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ҷомеаи тоҷик тақдигаро аст, ё не?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:40:05 0:00

  • Акси 16x9

    Мирзонабии Холиқзод

    Аз соли 1995 дар Радиои Озодӣ кор мекунад. 13 сол мудири дафтари радио дар Душанбе буд. Муаллифи “Гапи Озод”, баҳс доир ба мавзӯи доғи рӯз.

  • Акси 16x9

    Тоҳири Сафар

    Аз соли 1999 корманди Радиои Озодист. То 2001 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт ва ҳоло дар Прага кору зиндагӣ мекунад.

  • Акси 16x9

    Мӯъмин Аҳмадӣ

    Аз соли 2008 дар Радиои Озодӣ кор мекунад. Аз соли 2017 дар дафтари марказии Радиои Озодӣ дар Прага аст.

Гӯшаҳо
​
XS
SM
MD
LG