Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бозии "Истиқлол" дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 мусовӣ шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аввалин бозиашро дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод. Бозии қаҳрамони Тоҷикистон бо «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.

Дар ин бозӣ, ки дар доираи даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар бо ҳузури 7 000 тамошобин баргузор шуд, ҳисобро соҳибони майдон дар дақиқаи 5-ум кушоданд. Голро Муҳаммадҷон Насков ба самар расонид. Панҷ дақиқа пеш аз анҷоми замони асосии бозӣ Темур Партсвания, легионери украинии «Истиқлол», бо зарба аз масофаи дур ҳисобро баробар кард.

Бозии дигари даври шашуми мусобиқа миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и Кӯлоб, ки 12-уми май доир гардид, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Зимнан, дар ин дидор Абдухалил Боронов, бозигари «Равшан», дар охири нимаи аввал тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонида натавонист. Тӯби задаи ӯро аз пеналти дарвозабони мизбонон Шоҳрух Қирғизбоев баргардонд.

Се бозии даври шашум рӯзҳои 7-ум ва 9-уми май баргузор шуда буд. Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бори сеюм пайиҳам ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд. Истаравшаниҳо ин дафъа дар майдони худ аз дастаи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд. Голҳои низомиёнро Иззатулло Рӯзиев, Шарафҷон Солеҳов, голи мизбононро Мбеке Сиябатчу Деудонӣ заданд.

Дар бозии дигар “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бар тими меҳмон - “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода - бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ба голи бозигари меҳмонон Бахтиёр Чориев футболбозони ноҳияи Восеъ Доробҷон Эргашев ва Анвар Муродов бо ду гол ҷавоб доданд.

Бозӣ миёни ду дастаи вилояти Суғд – “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Равшан”и Зафаробод бо ҳисоби мусовӣ (2:2) хотима ёфт. Голҳои мизбононро Дилшод Бозоров, Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, голҳои зафарбодиҳоро Ҷаҳонгир Алиев ва Зуфарҷон Акбаралиев ба самар расониданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври шашуми лигаи олӣ КМВА ва “Хатлон” бо 12-имтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқа пешсафанд «Равшан»-и Кӯлоб бо 8 имтиёз ҷои сеюмро касб кардааст.

Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 14-15 май баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе “Равшан” (Зафаробод) бо “Файзканд”, КМВА бо “Эсхата”, рӯзи якшанбе “Регар-ТадАЗ” бо “Хатлон”, “Равшан” (Кӯлоб) бо “Истаравшан” ва “Истиқлол” бо “Хуҷанд” бозӣ мекунанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

КМВА (Душанбе)

5

4

0

1

8-4

12

2

«Хатлон» (Бохтар)

6

3

3

0

8-4

12

3

«Равшан» (Кӯлоб)

5

2

2

1

5-5

8

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

6

2

1

3

7-7

7

5

«Файзканд» (Восеъ)

5

2

1

2

5-8

7

6

«Равшан» (Зафаробод)

6

1

3

2

7-11

6

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

1

3

2

4-3

6

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

5

1

1

3

7-5

4

9

«Эсхата» (Хуҷанд)

5

1

1

3

7-11

4

10

«Истиқлол» (Душанбе)

1

0

1

0

1-1

1

Даври 7-ум

14-уми май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Равшан» (Зафаробод) – «Файзканд»

КМВА – «Эсхата»

15-уми май (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истаравшан»

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

XS
SM
MD
LG