Руҳафзо Ҳақназарова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия ҷараён дорад, дар аввалин рақобати худ пирӯзӣ ба даст овард.
Ӯ рӯзи 12-уми май дар вазни то 50 кило ба рақибаш Айда Санталла аз Боливия пирӯз шуд. Руҳафзо дар даври дуюм бо варзишгари Колумбия Ингрит Лорена Викториа қувваозмоӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, нахуст Шоира Зулқайнарова, муштзани маъруфи тоҷик, рӯзи 11-уми май дар рақобатҳо дар вазни то 63 кило дар даври муқаддамотӣ бар Нура Ал-Мутаирӣ аз Кувайт пирӯз шуда буд. Рақиби муштзани тоҷик дар даври баъдӣ Ҳадунг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Рақобати ҳарду рӯзи якшанбеи 15-уми май баргузор мешавад.
Вале дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ду варзишгари тоҷик - Сумайя Қосимова (-48 кг) ва Миҷгона Самадова (-57 кг) – ноком шуданд. Сумайя дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғористон) мағлуб гашт. Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) шикаст хӯрд.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия, ки 9-уми май бо ширкати 310 варзишгар аз 73 кишвар шуруъ шуд, то рӯзи 21-уми май идома меёбад.
Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.
Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.
Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ гирифтааст.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?