Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон шумори корхонаҳо бо иштироки русҳо якбора афзоиш ёфтааст


Шумори ширкатҳое, ки моҳи апрели имсол бо иштироки соҳибкорони рус дар Узбекистон таъсис ёфтаанд, ба бештар аз 100 расидааст ва ин омор назар ба моҳи марти соли равон ду баробар бештар мебошад.

Бар асоси иттилои Кумитаи давлатии омори Узбекистон, аз моҳи январ то моҳи апрели соли равон дар он кишвар 798 ширкат бо иштироки хориҷиҳо ташкил шудааст.

Шаҳрвандони Русия дар миёни хориҷиҳое, ки дар Узбекистон имсол бо иштироки онҳо 210 ширкат таъсис ёфтааст, дар мақоми аввал меистанд. Туркия бо 128 ширкат дар мақоми дувум ва Чин бо 74 корхона дар мақоми севум ҷой гирифтаанд.

Тибқи гузориши кумита, таъсиси ширкатҳо бо иштироки русҳо дар Узбекистон баъди оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина афзоиш ёфтааст. Барои намуна, моҳи январ дар Узбекистон 23 ширкати русӣ, моҳи феврал 28, моҳи март 56 ва моҳи апрел якбора 103 ширкати русӣ таъсис дода шудааст.

XS
SM
MD
LG