Ҷадвали бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол, ки моҳи июни соли равон дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, маълум гардид.
Чунонки Иттиҳоди футболи Қирғизистон хабар медиҳад, бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба шакли мутамарказ дар 6 кишвар - Ҳиндустон, Кувайт, Узбекистон, Малайзия, Муғулистон ва Қирғизистон - доир мегарданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи F бо тимҳои миллии Мянмар (8-уми июн), Сингапур (11-уми июн) ва Қирғизистон (14-уми июн) бозӣ мекунад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Дубай дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимиву тамринӣ баргузор мекунад. Футболбозони тоҷик пас аз анҷоми бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи 19-уми май ба Дубай сафар хоҳанд кард.
Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то рӯзи 3-юми июн идома меёбад, як бозии дӯстона ба нақша гирифта шудааст. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ рӯзҳои наздик муайян мешавад.
Ҷадвали бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи F
8-уми июн (чоршанбе):
- Қирғизистон- Сингапур
- Тоҷикистон - Мянмар
11-уми июн (шанбе):
- Сингапур - Тоҷикистон
- Мянмар - Қирғизистон
14-уми июн (сешанбе):
- Қирғизистон - Тоҷикистон
- Мянмар – Сингапур
Кадом дастаҳо ба Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд?
Барои ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтан 24 дастаи мунтахаби миллӣ мубориза мебарад: Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Мянмар, Ҳонконг, Яман, Афғонистон, Урдун, Баҳрайн, Кувайт, Туркманистон, Малайзия, Молдив, Сингапур, Непал, Муғулистон, Бангладеш, Шри-Ланка, Индонезия, Камбоҷа, Фаластин, Ҳиндустон, Тайланд ва Филиппин.
Дастаҳо ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дуюм қарор мегиранд, роҳ меёбанд.
Кадом дастаҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтаанд?
Ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аллакай дастаҳои мунтахаби Сурия, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Умон, Ироқ, Ветнам, Чин ва Лубнон роҳ пайдо кардаанд.
Ҷоми Осиё дар Чин 16-уми июни соли 2023 оғоз меёбад. Бозиҳо дар 10 шаҳр: Пекин, Тянсзин, Шанхай, Чунсин, Чэнду, Сиан, Далян, Тсиндао, Сямин ва Сучжоу баргузор мешаванд.
Ман дар баъзе ҳолатҳо лол мемонам, ки чаро роҳбарони давлати Тоҷикистон аз ҷумла касеро ки пешво мегӯем ягон бор дар бораи мушкилли Тоҷикистон, иушкилии мардум, ҷангҳои бо қирғзҳои кучманчӣ шуда ки боиси марги мардуми тоҷик шудааст ё дар хусуси мушкилиҳо бо ҳамсоякишвари Афғонистон ягон изҳороти расмӣ намедиҳанд. Барои чи "пешво" дар бораи вазъи Бадахшон чизе намегӯяд гӯё ки ин воқеа дар дарягон мамлакати дурдаст рух медода бошад. Эй ба ном пешво бедор шав, аз бағали домодҳою авлоди сернашавамат дур шав, дар ғазаби мардум гирифтор нававӣ. Мардум гурусна аст. Беҳуда нагуфтаанд ки "Гурусна ба шер задааст".
Барои суиқасди куштори раиси маҳалла, ки бо дархости намояндагони мақомоти сухторхомушкунии ноҳияи Файзобод дар рафти санҷиш иштирок намуда, минбаъд аз ҷониби маҳкумшуда Камолов Н. бо истифодаи табар суиқасди куштори ӯ содир гардида, дар натиҷаи расонидани зарбаҳо ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи вазнин бардошта, бо расонидани ёрии саривақтии тиббӣ аз марг наҷот дода шудааст. Ҷинояти содирнамудаи Камолов Н. ба дараҷаи махсусан вазнин мансуб буда, хавфи баланди ҷамъиятӣ дорад ва бо дарназардошти дараҷаи ҷазнинии ҷиноят хавфи баланди ҷамъиятии он ва шахисти маҳкумшуда дар дораи раводиди моддаи мазкур ба номбурда ҷазои асоснок ва одилона таъин карда шудааст.
Эмомалира зураш ба мардуми бечораи худаш мерасад. Киргизхо зуд зуд худсарона ва гайриконуни ба хоки Точикистон медароянд, террор мекунанд, мекушанд аммо эмомали хап, бечора коре карда наметавонад факат мардумро ба тахаммулпазири даъват мекунад. Аммо хизматгоронашро ба суи мардуми худас фас меандозад. Бо ин корхояш худашро дар назди мардум беобру месозад.
Аз руи талаботи конун шумо вазифадорен барои нашри шархи ирсолшуда
Аз Шумо илтимос шархи дируз пешниходкардаи моро нашр намоед...