Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии муштзани тоҷик дар аввалин сабқаташ дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон


Шоира Зулқайнарова.
Шоира Зулқайнарова.

Шоира Зулқайнарова, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия ҷараён дорад, дар аввалин рақобати худ пирӯзӣ ба даст овард.

Шоира рӯзи 11-уми май дар рақобатҳо дар вазни то 63 кило дар даври муқаддамотӣ (1/32-ниҳоӣ) бар Нура Ал-Мутаирӣ аз Кувайт бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Рақиби муштзани тоҷик дар даври баъдӣ (1/16-ниҳоӣ) Ҳадунг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Рақобати ҳарду рӯзи якшанбеи 15-уми май баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба ғайр аз Шоира Зулқайнарова, инчунин Сумайя Қосимова (-48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг) ва Миҷгона Самадова (-57 кг) намояндагӣ мекунанд.

Сумайя Қосимова дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғористон) мағлуб шуд. Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) шикаст хӯрд. Руҳафзо Ҳақназарова бошад, имрӯз, 12-уми май, муқобили Аида Санталла аз Боливия ба сабқат мепардозад.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия, ки 9-уми май бо ширкати 310 варзишгар аз 73 кишвар шуруъ шуд, то рӯзи 21-уми май идома меёбад.

Рақобатҳо миёни занон дар қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 12 дараҷаи вазнӣ сурат мегирад: 48 кг; 50 кг; 52 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 63 кг; 66 кг; 70 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.

Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG