Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Сергей Лавров ба Тоҷикистон


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон омадааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ дод.

Ҳадаф аз сафари Лавров иштирок дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.

Ин яке аз сафарҳои камшумори Лавров ба хориҷ пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар 24-уми феврали имсол ба шумор меравад.

Нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ рӯзи 13-уми май дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG