Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинад


Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Дубай дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимиву тамринӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар пас аз анҷоми бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи 19-уми май ба Дубай сафар мекунад.

Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то рӯзи 3-юми июн идома хоҳад кард, як бозии дӯстона ба нақша гирифта шудааст. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд.

Ҳайати мукаммали тими миллии Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб, ки рӯзи 18-уми май эълон мешавад, 26 бозигарро дар бар мегирад. Аз ин теъдод 23 бозигар ба дархости даста ҷиҳати ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 шомил мегардад.

Зимнан, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Мянмар (8-уми июн), Сингапур (11-уми июн) ва Қирғизистон (14-уми июн) бозӣ мекунад.

«Мунтахаби Тоҷикистон аллакай дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо дастаҳои Қирғизистон ва Мянмар бозӣ кардааст. Аз ин рӯ, дар гурӯҳи мо ҳарифони шинос ҷамъ шудаанд. Бозиҳои интихобӣ барои ҳеҷ як аз дастаҳо осон нахоҳад буд. Мо бояд ҳама рақибонро эҳтиром кунем ва ба бозиҳои интихобии моҳи июн хуб омода шавем. Ман ба дастаамон бовар дорам. Барои мо вазифа як аст - ба мусобиқаи интихобӣ омодагии хуб гирифта, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 соҳиби роҳхат шудан. Мутмаинам, ки бори аввал дар таърихи футболи тоҷик мо метавонем ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирем», - гуфт Петр Сегрт.

Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F» дар шакли мутамарказ дар шаҳри Бишкек баргузор мешаванд. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дуюм қарор мегиранд, роҳ меёбанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG