Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе - мизбони қаҳрамонии CAFA-2022 миёни наврасони то 16-сола


Аз 13 то 20 май дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар қаҳрамонии CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 14-уми май бо дастаи Қирғизистон, 16-уми май бо тими Афғонистон, 18-уми май бо мунтахаби Узбекистон ва 20-уми май бо тими Эрон рақобат мекунанд.

Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ҳамагӣ даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегарданд.

Тибқи дастури мусобиқа, қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба дастоварда муайян карда мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола

Иштироккунандагон: Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон,Узбекистон, Эрон

Даври 1-ум

13 май (ҷумъа)

18:00 – Узбекистон – Эрон

21:00 – Афғонистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

14 май (шанбе)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

16 май (душанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Тоҷикистон – Афғонистон

Даври 4-ум

18 май (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

20 май (ҷумъа)

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

21:00 Тоҷикистон – Эрон

XS
SM
MD
LG