Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Канада гуфт, ба Украина ёрии бештар медиҳанд


Ҷастин Трюдо ва Владимир Зеленский, Киев, 8-уми майи 2022
Ҷастин Трюдо ва Владимир Зеленский, Киев, 8-уми майи 2022

Сарвазири Канада пас аз мулоқот бо раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, гуфт, кишвараш ба Киев аслиҳа ва таҷҳизоти бештар медиҳад.

Ҷастин Трюдо рӯзи 8-уми май бо Зеленский дар Киев дидор кард.

Вай инчунин гуфт, Канада алайҳи ширкат ва шахсони алоҳида дар Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.

Нахуствазири Канада дар нишасти хабарияш афзуд, ин кишвар сафораташро дар Киев дубора мекушояд. "Канада 25 миллион долларро ҳамчун мадад ба Украина дар ихтиёри Барномаи Ҷаҳонии Ғизо хоҳад гузошт," -- афзуд Трюдо.

XS
SM
MD
LG