Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳпаймоии ҳазорҳо нафар дар маркази Алмато


Дар Қазоқистон ба ҷои "Полки абадӣ" роҳпаймоии "Ба қаҳрамонҳо таъзим мекунем" баргузор шуд. Алмато, 9-уми майи 2022
Дар Қазоқистон ба ҷои "Полки абадӣ" роҳпаймоии "Ба қаҳрамонҳо таъзим мекунем" баргузор шуд. Алмато, 9-уми майи 2022

Ҳазорҳо нафар 9-уми май дар роҳпаймоии "Ба қаҳрамонҳо таъзим мекунем" дар шаҳри Алматои Қазоқистон иштирок карданд.

Ахиран дар Русия барои иштирок дар чунин роҳпаймоӣ дар рӯзи 9-уми май бо акси сарбозони ҳалокшуда дар Украина даъватҳое сурат гирифта буд.

Дар Қазоқистон пешниҳод карданд, ки ба ҷои "Полки абадӣ" дар рӯзи 9-уми май роҳпаймоии "Ба қаҳрамонҳо таъзим мекунем" баргузор карда шавад.

Ҳазорҳо сокини Алмато дар даст акси иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 аз Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр то Боғи 28 посдор роҳпаймоӣ карданд. Ҳамчунин дар онҷон барои собиқадорони ҷанг барномаҳои консертӣ ташкил карда шуд.

Дар Қазоқистон дар умум 387 иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳон, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маъруф аст, мондаанд.

XS
SM
MD
LG