Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори ёздаҳум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд


Дастаи "Истиқлол" пас аз пирӯзӣ. 8.05.2022.
Дастаи "Истиқлол" пас аз пирӯзӣ. 8.05.2022.

Дастаи ”Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон тими "Хуҷанд"-и Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, бори ёздаҳум барандаи Ҷоми олии футболи кишвар гардид.

Бозӣ барои Суперҷом миёни дастаҳои "Истиқлол", қаҳрамони Тоҷикистон ва "Хуҷанд", барандаи Ҷоми миллӣ, рӯзи якшанбе, 8-уми май, дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 5600 тамошобин баргузор шуд.

Тақдири бозии пуршиддату ҷолибро голи ягонаи дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 84-ум задаи Рустам Соиров ба нафъи «Истиқлол» ҳал кард.

Виталий Левченко, сармураббии дастаи «Истиқлол», гуфт, «Суперҷом танҳо аз як бозӣ иборат аст, аз ин рӯ мо тамоми кӯшишро ба харҷ додем, то Ҷомро ба даст биёрем.»

Бояд гуфт, ки «Истиқлол» ва Хуҷанд» бори панҷум бо ҳамдигар барои Суперҷоми Тоҷикистон мубориза бурданд. Дар ҳамаи бозиҳо (солҳои 2016, 2018, 2019, 2020 ва 2022) душанбегиҳо пирӯз шудаанд.

Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори сездаҳум барпо гардид. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб гаштаанд. "Истиқлол" ёздаҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. Дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот”-и Фархор (2017) якборӣ Суперҷомро ба даст овардаанд.

Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2022

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Рустам Соиров, 84.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Искандар Ҷалилов, Никита Чичерин, Владислав Касминин, Далер Имомназаров (Аҳтам Назаров, 90+1), Шервонӣ Мабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 77), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов (Сайёди Ковусшо, 90+1), Муҳаммадҷон Раҳимов (Ислом Зоиров, 46), Эрик Бокум (Рустам Соиров, 64), Манучеҳр Ҷалилов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Далерҷон Баротов, Фирдавс Чақалов, Наимҷон Иброҳимзода (Игнатий Сидор, 90+2), Алишер Баротов, Фирдавс Абдусалимов, Эҳсон Бобоев, Кароматулло Саидов (Андрей Левковетс, 66), Ҷаҳонгир Эргашев, Сергей Сканян, Сорбон Авғонов (Далер Ёдгоров, 79), Муҳаммадалӣ Азизбоев (Шоҳрух Маҳмудҳоҷиев, 66).

Огоҳӣ: Нуриддин Давронов, Ислом Зоиров, Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фирдавс Абдусалимов («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Соиров («Истиқлол»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

8-уми май. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 5600 тамошобин.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2022):

2010. “Вахш" (Қӯрғонтеппа) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013. "Равшан" (Кӯлоб) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. “Равшан" (Кӯлоб) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Пеналти – 4:3
2016. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017. "Истиқлол" (Душанбе) – ”Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021. «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0

2022. «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

XS
SM
MD
LG