Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, бомбаи Русия то 60 нафарро дар як мактаб кушт


Мактабе, ки оташ гирифтааст.
Мактабе, ки оташ гирифтааст.

Мақомоти Украина мегӯянд, дар як ҳамлаи ҳавоии неруҳои Русия ба мактабе дар вилояти Луганск шояд то 60 нафар кушта шуда бошанд.

Сергей Гайдай, раиси вилояти Луганск рӯзи 8-уми май ба хабарнигорон гуфт, неруҳои Русия нимрӯзии 7-уми май як бомберо ба мактаби ноҳияи Билоҳоривка андохтаанд, ки онҷо 90 нафар паноҳ бурда буданд.

Ба қавли ӯ, пас аз таркиш бинои мактаб оташ гирифтааст. Ба қавли Гайдай 30 нафарро аз зери вайронаҳо зинда берун овардаанд ва то кунун ҷасади 2 касро пайдо кардаанд.

Ӯ афзудааст: “Шояд 60 нафари дигар зери вайронаҳо монда ва ҳалок шуда бошанд.” Сергей Гайдай гуфтааст: “Имкони он ки одамон зинда бошанд, бисёр кам аст. Бо назардошти бомба, ки аз ҳавопаймо андохта шуд, на аз тӯпхона, ҳарорати он бисёр баланд аст.” Билоҳоривка як шаҳраке дар 10 километрии шаҳри Лисичанск аст, ки ҳоло зери бомборони сахти Русия қарор гирифтааст.

Айни замон қарор аст, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар як гуфтугуи онлайнӣ бо раҳбарони 7 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон мавсум ба Гуруҳи 7 таҳаввулоти вобаста ба ҷанги Русия дар Украинаро баррасӣ кунад. Аз ин пештар ӯ бо Байербел Бас, раиси порлумони Олмон мулоқот дошт, ки ӯ бо қатор ба Киев сафар кард.

Сафари ӯ пас аз тағйири бузурге дар сиёсатҳои Олмон ба вуқуъ пайваст, ки баъди худдории зиёд розӣ шуд, ба Украина аслиҳаи вазнин аз ҷумла системаи маҳви ҳавопаймоҳо бо номи Гепард ва ё Юзпаланг бифиристад. Олаф Шолтз, садри аъзами Олмонро барои он бисёр танқид мекарданд, ки ба Украина дар муқовиматаш ба зидди Русия ба қадри кофӣ кумак намекунад.

XS
SM
MD
LG